Зери ин унвон дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ҳамоиши илмӣ- назариявӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Дар ҷамъомади мазкур Рухшонаи Шералӣ, директори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин, Шарифзода Шарифхон, мудири кафедраи методикаи таълимӣ-ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Набизода Эмомалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ – мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва масъулони китобхонаҳо иштирок ва андешаронӣ намуданд.

