Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро дар ҳар мулоқоту суханрониҳояшон таъкид мекунад, ки: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад. Тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар насли наврас, насле, ки пояи илму фарҳанги миллатро ба силсилаи пешқадами тамаддуни ҷаҳонӣ пайваст менамояд, ба устодону омӯзгорон вобаста аст».
Сарвари давлат пешаи омӯзгориро муқаддастарин касби рӯи олам шуморида, бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсонро маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон меҳисобад.
Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” – ро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки минбаъд низоми ягонаи талабот ва меъёрҳои одоби касбиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот муайян карда, муносибати байни омӯзгорон ва таълимгирандагон, ҳамчунин дигар аъзои ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаи таълимию тарбиявиро танзим намуда, арзишҳои инсонӣ ва шаъну шарафи онҳоро ҳифз мекунад. Ба сифати фаъолияти касбии омӯзгорон мусоидат карда, касби пуршарафи онҳоро ҳифз мекунад ва барои рушди фарҳангу маърифати омӯзгорон дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ мусоидат менамояд.
Савганди мазкур омӯзгорро водор месозад, ки дар фаъолияти омӯзгориаш ба кори таълиму тарбия сидқан машғул шуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аз рӯи меъёрҳо ва принсипҳои касбии дар ҳуҷҷати мазкур баёнгардида, амал намояд.
Меъёри асосии фаъолияти омӯзгор ба рушду такомули ҳамаҷонибаи таълимгиранда бо мақсади тарбияи шаҳрванди бошууру боидрок ва кӯмак расонидан доир ба мутобиқ намудани ӯ ба ҳаёти ҷомеа нигаронида шудааст.
Омӯзгор аз рӯи принсипи адолатхоҳӣ нисбат ба ҳамаи таълимгирандагон, сарфи назар аз синну сол, хусусиятҳои фардӣ, лаёқат, ҷинс, нажод, миллат, мазҳаб, аҳволи иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсӣ, маҳалли истиқомат ва амсоли ин хайрхоҳ, боилтифот ва меҳрубон мебошад. Ҳангоми санҷишу имтиҳон ба таълимгирандагон беғаразона ва одилона баҳо мегузорад.
Омӯзгор наметавонад баҳои таълимгирандаро бо ислоҳи ғалатҳо барои нишон додани муваффақияти сохтакорона дар вақти имтиҳонҳои хаттӣ ва ё санҷишҳои назоратӣ паст ва ё баланд кунад. Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия принсипи баробарии таълимгирандагони ҷинси зан ва мардро риоя карда, донишҳои мардон ва занонро, ки рушди ҷомеа ба онҳо вобаста мебошад, дуруст муайян менамояд.
Омӯзгор дар фаъолияти педагогии худ эҷодкор ва мустақил буда, ҳуқуқу уҳдадориҳои касбии хешро риоя менамояд ва ҳангоми иҷрои касби пурифтихори омӯзгорӣ манфиати моддӣ, шахсӣ, инчунин манфиатҳои оила, хешовандон ва рафиқонро ба инобат намегирад.
Омӯзгор дар доираи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷрибаи озоди эҷодии педагогӣ ҳуқуқ дошта, тарзу усули муносибат бо таълимгирандагонро, ки ба эҳтироми ҳамдигарӣ асос ёфтааст, мустақилона интихоб менамояд. Метавонад бо салоҳдиди худ намуди фаъолияти тарбиявиро интихоб намояд ва усулҳои навоваронаи таълиму тарбияро истифода кунад, агар онҳо аз нуқтаи назари касбӣ шоиста ва қобили истифода бошанд. Омӯзгор дар фаъолияти касбии худ хилофи манфиату мақсадҳои таълим амал намекунад.
Омӯзгор таълимгирандаро ҳамчун шахсият эҳтиром намуда, раванди тарбиявиро бо назардошти хусусиятҳои фардӣ ва синнусолӣ, хислат ва қобилияти ӯ ташкил менамояд. Дар доираи риояи талаботи қонунгузорӣ дар фаъолияти касбии худ манфиатҳои таълимгирандаро нисбат ба манфиатҳои ҳама шахсони дигар ба таври афзалиятнок дастгирӣ ва эҳтиром мекунад.
Омӯзгор дар ҳама ҳолат ба таълимгирандагон ғамхорона ва эҳтиёткорона кӯмак расонида, таълимгирандагонро ба эҷодкорӣ ҳидоят менамояд, раванди педагогиро бе маҷбурсозӣ идора мекунад, ба таълимгирандагон хушнудӣ, некхоҳӣ, боварӣ, некбинию зиндадилӣ бахшида, муҳаббати онҳоро барои зиндагии некбинона бештар мегардонад.
Омӯзгор дар фаъолияти касбии худ бояд иштибоҳ накунад ва таълимгирандагону падару модарони онҳоро низ нодуруст ҳидоят нанамояд. Аз обрӯю эътибор ва мақоми касбии худ суиистифода накарда, нисбат ба ақидаҳои динию мазҳабӣ ва сиёсии таълимгирандагони худ бо эҳтиром муносибат кунад. Ӯ ҳақ надорад, ки фикру ақидаҳои шахсии худро дар бораи ақоиди динию мазҳабӣ ва сиёсии худро ба таълимгирандагон таҳмил намояд.
Омӯзгор маданияти баланд дошта, ботамкинона ва боодобона сухан мекунад, намуди зоҳирии худро назорат менамояд, сабурӣ ва таҳаммулпазириро пеша мекунад ва аз амалҳои эҳсосотии манфие, ки шаъну эътибори инсонии ӯро паст мезананд, худдорӣ менамояд. Шогирдонро бо рафтори намунавии худ тарбия менамояд. Ӯ аз пандомӯзии номатлуб худдорӣ мекунад, ба шитобкорӣ роҳ намедиҳад ва аз дигарон он чизеро, ки худ барои риоя ва иҷрои он қодир нест, талаб намекунад.
Омӯзгор дар ҳама соҳаҳои фаъолияти худ принсипи эҳтиром ба касбро риоя карда, бо фаъолияту амалҳои худ бояд ба баланд бардоштани нуфузу эътибори касбе, ки ба он машғул мебошад, мусоидат менамояд.
Муқаддас Рустамзода,
дотсенти факултети Забон ва адабиёти руси ДДБ ба номи Носири Хусрав
