Омӯзгор дар ҳамаи давру замонҳо шахсӣ калидии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар шароити феълӣ, ки ҷомеаи башарӣ ба марҳилаи нави рушди хеш ворид гардидааст, мақому манзалат ва ҳифзи манфиатҳои омӯзгор таҷдиди назарро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба тасвиб расид, ки дар он бахшҳои муҳимми кору фаъолияти омӯзгорон дарҷ гардидааст.
Таҳия ва нашру ба тасвиб расидани ин қонун мақому манзалати омӯзгорро дар ҷомеа ба унвони як шахси калидӣ ба маротиб боло бурда, баёнгари он мебошад, ки омӯзгор шахсест, ки инони пешравӣ ва тараққии ҷомеа дар дасти ӯ мебошад. Ин далелҳоро ба инобат гирифта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро қабул карданд, ки дар баробари мушаххас кардани вазоифи омӯзгор мақому манзалат ва обрӯ ва ҳайсияти омӯзгор ҳифзу ҳимоя карда шавад.
Ин Қонун аз 6 боб ва 16 модда иборат буда, дар он тамоми паҳлуҳои фаъолияти омӯзгор ба таври мушаххас дарҷ гардидааст. Масалан, дар боби 3 моддаи 8 банди 2 чунин омадааст: «Ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд, манъ аст. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад».
То ҷое, ки мо иттилоъ дорем, дар баъзе аз манотиқи кишвар мақомотҳои гуногун ба муассисаҳои таълимӣ ворид гардида аз омӯзгорон маводи таълимӣ ва конспекти дарс талаб мекарданд. Аз ин рӯ, ин банди қонун аз ин амалҳо ҷилавгирӣ мекунад.
Кору фаъолияти омӯзгорӣ хеле мушкил буда, аз он шахсе, ки ин касбро интихоб мекунад, кӯшиш, талош ва донишу малакаи зиёдеро талаб мекунад. Аз ин рӯ, дар канори ҳифзу нигоҳдории манофеи омӯзгор дар баробари ӯ вазифаҳое низ гузошта шудааст. Масалан, дар боби 2 моддаи 6 банди 3 дар иртибот ба вазифаҳои омӯзгор чунин омадааст: «Таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намояд».
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, бо тасвиби ин қонун ҷомеаи Тоҷикистон бори дигар ба оламиён собит намуд, ки ҷомеаи маорифпарвар аст ва ба маориф, мактаб ва омӯзгор таваҷҷуҳи махсус дошта, барои пешрафту шукфоии ин соҳаи бавежа калидӣ аз тамоми имконоти мавҷуда мавриди истифода қарор медиҳад.
Шарифзода Шарифхон,
мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ
