Дар зиндагӣ ҳар як инсон як омӯзгори аввалин ва боз омӯзгорҳои дигаре низ дорад, ки ба ӯ дар канори дарси савод дарси зиндагӣ низ меомӯзанд. Аз ин рӯ, мо ҳамагон онеро, ки дар зиндагии мо аввалин қадамҳоро дар масири омӯзиш ва таълим мегузорад, омӯзгори хеш медонем ва ӯро то охирин нафаси хеш дӯст дошта, ба ӯ эҳтиром мегузорем. Қадр кардани омӯзгорон барои мо анъана шудааст ва пеши мардуми мо шахси босавод муътабар ва боломақом аст.
Қадр кардани заҳмати омӯзгор аз сӯйи шогирдон ва таълимгирандагон фалсафаи аҷибе дорад, ки онро бо чунин ҳикмати халқ ҷамъбаст карда метавонем: «Ҷаври устод, беҳ зи меҳри падар». Яъне пеши мо омӯзгор ин қадар арҷманд аст, ки мо ҷабр ва сахтгирии омӯзгорро дар масири омӯзиши илм ва аз бар кардани ахлоқ ва расму русуми инсонӣ болотар аз меҳри падар медонем. Яъне сахтгирӣ ва талошу кӯшиши устодро дар масири тадрис ва тарбияи хеш болотар аз меҳри падар медонем.
Дар ин суханон як олам ҳикмате нуҳуфтааст, ки онро на ҳар як шахс ба пуррагӣ дарк карда метавонад. Оне ин ҳикматро дарк мекунад, ки бо фарҳанг, тамаддун ва расму русуми мо аз наздик шиносоӣ дорад ва мефаҳмад, ки омӯзгор дар зиндагии мо чи мақоме дорад.
Падар ва модар шояд ба хотири он ки мо ҷигарбанди онҳо ҳастем, моро дӯст медоранд ва зимни сарзаниш кардани мо низ хеле нороҳат ва мушавваш мешаванд. Онҳо ҷигаргӯшаи худро кам мавриде мешавад, ки тавҳин кунанд ва ё лату куб ва дар ин амр аз фишору зӯргӯйиҳои сабук кор мегиранд. Аммо барои ҳамаи мо ва Шумо маълум аст, инсонҳое дар зиндагӣ муваффақ мешаванд, ки сахтӣ кашидаанд, заҷр дидаанд, гуруснаю ташна мондаанд.
Аз мактаби бузургӣ зиндагӣ гузаштаанд ва аз ин рӯ ба тамоми сахтиҳо сабр мекунанд, то ба қуллаи умед бирасанд. Дар чунин ҳолатҳо ба кумаки инсонҳо омӯзгорон меоянд. Онҳо қабл аз оғози кор нияти ба мардум хидмат карданро доранд, аз ҳамин ҷиҳат онҳо дар ҷомеаи мо мақоми хос доранд.
Дар робита ба ин дар қонуни мазкур дар боби 2 моддаи 4 бандҳои 1, 2, 3 чунин омадааст: «Шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир аст. Шаъну шарафи омӯзгор аз ҷониби давлат ҳифз карда мешаванд. Амалҳое, ки бевосита ё бавосита ба паст задани шаъну шарафи омӯзгор равона шудаанд, манъ аст». Дарки ин масъала аз сӯйи тамоми қишрҳои ҷомеа моро ба ояндаи пурсаодат ва ҷомеаи пешрафтаю мудерн ва муҷаҳҳаз бо технологияи рақамии ҷадид ва ҳамзамон худшиносии баланди миллӣ ва пазириши фарҳанги боломақом боварманд мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои мухталифи хеш ҳамеша перомуни савод ва дониш ва мақому манзалати омӯзгор ва нақши он барои ҷомеаи мо суханҳои ноб ва нотакрор мегӯянд. Ин ҳама боис шуд, ки қонуни ҷадид дар масири мақоми омӯзгор рӯйи кор омад, ки онро ба ҳамаи аҳли маориф табрик мегӯем.
Акнун омӯзгорон бо қонуне дастёб шуданд, ки тамоми фаъолияти онҳоро пӯшиш медиҳад ва ин қонун шабеҳи ҷавшан бар тану бадан ва кору пайкори омӯзгорон аст.
Хуҷазода Умед,
декани факултети педагогика ва варзиш
