Тавре ба ҳамагон маълум аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ вобаста ба масъалаи ҷаҳолат ва хурофот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки: «Бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад».
Дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаҳои ҷиддӣ паҳншавии хурофот ва бегонапарастӣ мебошад. Хурофот ин боварҳо ва андешаҳои нодурустанд, ки асоси илмӣ надоранд ва одамонро аз роҳи дурусти зиндагӣ дур месозанд. Бегонапарастӣ бошад, эҳтиром ва пайравии аз ҳад зиёди фарҳанг, андеша ё тарзи зиндагии бегона мебошад, ки метавонад ба арзишҳои миллӣ зарар расонад.
Бегонапарастӣ низ хатарнок аст, зеро инсон фарҳанг, забон ва суннатҳои миллии худро фаромӯш мекунад. Агар ҷавонон танҳо ба фарҳанги бегона пайравӣ кунанд ва арзишҳои миллиро нодида гиранд, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ суст мешавад.
Барои мубориза бо хурофот ва бегонапарастӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати мардум зарур аст. Илм, омӯзиш ва тарбияи дуруст метавонанд ҷомеаро аз чунин хатарҳо эмин нигоҳ доранд. Ҳамзамон, эҳтиром ба фарҳанг, таърих ва анъанаҳои миллӣ бояд дар қалби ҳар як шаҳрванд ҷой дошта бошад.
Чи тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон қайд намуданд: “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак”, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.
Ба чунин хулоса омадан мумкин аст, риоя ва иҷрои талаботҳои қонунҳои мазкур метавонад дар баланд бардоштани маърифати насли ҷавон мусоидат намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳёи арзишҳои давлатдорӣ роҳнаои менамояд. Дар чунин ҳолат ҳеҷ як наврасу ҷавон фирефтаи гурўҳҳои бадхоҳу хоин намегардад. Падару модарони азиз, нисбати тарбия, донишандўзӣ ва имрўзу фардои фарзандонатон бетарафу беаҳмият набошед! Танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолату хурофотро мегирад.
Воқеан, тамаддуни ҷаҳонӣ дар ҳолати бархӯрдҳои шадиди сиёсӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ қарор дошта, ин раванд тақозо менамояд, ки мо ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дода, онҳоро дар руҳияи худшиносии миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба гузаштаи пурғановати фарҳангӣ тарбия намоем. Чунки насли худшиносу худогоҳ метавонад дар ҳар ҳолат ҳимоятгари фарҳангу миллат ва сарзамини аҷдодии худ бошад.
Хулоса, хурофот ва бегонапарастӣ монеаи пешрафти ҷомеа мебошанд. Танҳо бо дониш, худогоҳӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллӣ метавон ҷомеаи солим ва пешрафта сохт.
Санавбар Каримова,
раиси бонувони донишгоҳ
