Ба мардуми шарифи Тоҷикистони азиз боз як иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро табрик мегӯем! Халқи шарифи Тоҷикистони азизро табрик карда, ба дилу ният, дасту қалб, сиришти поку беолоиш ва ақлу хиради расои Пешвои муаззам таҳсину офарин мегӯем. Воқеан, туҳфаи “Шоҳнома”-и беназири мутафаккири бузурги халқи тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби Президенти мамлакат ба ҳар як хонадони тоҷик боиси ифтихору сарфарозии ин миллати куҳантаъриху куҳанбунёд аст.
Дар ҳақиқат, ин иқдоми неки навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаест ба монанди худи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бемислу монанд ва беназир барои ҳар як хонаводаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд ёдовар шуд, ки чанде пештар шоҳасари таърихии аллома Б. Ғафуров “Тоҷикон”, ки баҳри худшиносии миллӣ, омӯзиш таҳлил ва хулосабандии амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик мусоидати тому мукаммал дорад, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи кишвар тақдим гардида буд.
Имрӯзҳо туҳфаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне “Шоҳнома”-и беназири Абулқосим Фирдавсӣ, ки ба ифтихори таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар хонаи халқи шарифи Тоҷикистонро зинат хоҳад бахшид, ба ҳар як хурду бузурги халқи кишвар туҳфаи арзандаву мондагор ва хушнудкунанда мебошад.
Дар асл, китоб ин ҳикмат, хирад, ақл, огоҳӣ, дониш, илм, ҷаҳонбинӣ ва неруи бузурги дилхоҳ халқу миллат аст. Бинобар ин, мутафаккирони бузурги халқи тоҷик ин нуктаро бо хубӣ дарк намуда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки маҳз ба воситаи китоб наслҳои хешро дар руҳияи ҳисси инсондӯстӣ, башардӯстӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан, халқу миллат, некиву накукорӣ, сулҳу оромӣ, бунёдкориву созандагӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва озодиву озодихоҳӣ ба камол расонанд. Аз саҳфаҳои таърихи қадимаи халқамон маълум аст, ки мардуми тоҷик, ки аслан китобдӯстанд, маҳфилу ҷамъомадҳои зиёди илмиву амалии фарҳангӣ, аз қабили афсонаву қиссагӯӣ, шеъру шеърхонӣ, байтбараку чистонгӯӣ ва ба монанди ин ташкилу гузаронида мешуданд.
Афзун бар ин, дар давоми асрҳои баъдина “Шоҳномахонӣ”, “Ҳофизхонӣ”, “Бедилхонӣ” барин маҳфилҳо, ҷамъомадҳо ва нишастҳо дар байни мардум хеле маълуму машҳур буд, ки чунин маҳфилҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву маънавӣ дар ташаккул ва такомули ҷаҳонбинӣ, тафаккур, ва қобилияти зеҳниву фикрӣ ва покизагиву зебоии ахлоқи мардум нақши хеле бузургро мебозиданд.
Бояд таъкид намуд, ки китоб дар ҳаёти мардуми тамаддунофари ориёиҳо қадру қимат, ҷойгаҳ ва мақому манзалати хосаро дорад. Чунки китоб аз ҷумлаи арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти фарҳангиву маънавӣ-ахлоқиест, ки мутолиаи он барои инсон боиси дастовардҳои зиёди илмимиву фарҳангӣ ва покизаагии ахлоқ гардида, дар қалбу вуҷуди хонандаи он илму дониш, ақлу хирад, фаҳму фаросат, тафаккуру ҷаҳонбинӣ, ҳувияту ҳикмат, эҳсосу идрок, дарёфти тафовут байни некиву бадӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва дигар хислатҳои ахлоқи ҳамидаи одаму одамгариро ташаккул ва рушд медиҳад.
Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки мутафаккирони бузурги халқи форсу тоҷик дар тули таърихи тамаддуни башар бо осори беназиру ҷовидонаи илмиву адабии хеш дар ҷаҳон маълуму машҳур гаштаанд. “Шоҳнома” ин шоҳасаре мебошад, ки аз илму донишу ақлу хирад, зиндагӣ, ҳикмат, тамаддун ҷаҳонбинӣ, инсонгароӣ, одаму одамгарӣ, фарҳанг, маданият, ҳувият, ору номус, маънавиёт, ахлоқ, некиву накукорӣ, муқаддасот ва арзишҳои миллии инсонии волои халқи тоҷику форс шаҳодат медиҳад. Ин асаре аст, ки бемислу монанд, беназир ва беҳамтост. Боварии кас намеояд, ки чунин шоҳасари бузурги ҳама давру замонро ҳазор сол қабл як шахс, як инсон ва як нафар, яъне фарзанди халқи тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ иншо кардааст.
“Шоҳнома” асарест, ки инсонро ба сӯи ворастагӣ, сулҳу салоҳ, инсондӯстиву башардӯстӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, некиву накукорӣ, ваҳдату ягонагӣ, бунёдкориву созандагӣ, хушбахтиву саодатмандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва мубориза бурдан бар зидди қувваҳои баддӣ, зулму истибдод ва беинсофиву беадолатӣ даъват мекунад.
Файласуфи бузург бо “Шоҳнома”-и худ бори дигар ба оламиён исбот намуд, ки тамаддуни мардуми ориёнажод, аз ҷумла тоҷикон, дар илму адаб, фарҳангу маърифат, маънавиёту ахлоқ ва ҳикмати зиндагии инсонӣ ва манзумаи фитриву фикрӣ мақому манзалати олитаринро соҳиб аст. Ин андешаро худи Фирдавсии бузургвор дар шоҳасараш чунин овардааст:
Биноҳои обод гардад хароб
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд.
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бояд таъкид намуд, ки ин баҳоро на танҳо худи ҳакими бузург додаасту халос. Халқи тоҷик ва таъсири тамаддуни онро намояндагони аҳли сиёсат илму адаб ва фарҳанги намояндагони ақлу хиради дигар халқҳо дарк карда, ба ин баҳо ва қадрдонӣ ҳамовоз гаштаанд.
Масалан, дар ин боб И. Сталин чунин изҳори андеша кардааст: “Ман мехоҳам чанд сухане дар бораи тоҷикон бигӯям. Тоҷикон халқи махсусанд. Онҳо на ӯзбеканду на қазоқу на қирғиз. Онҳо тоҷиканд. Аз ҳама қадимтарин халқи Осиёи Миёна. Тоҷик маънои тоҷдор буданро дорад ва тоҷикон сазовори ин ном ҳастанд. Аз тамоми халқҳои мусулмони Иттиҳоди Шуравӣ тоҷикон ягона халқияти Эронианд, на туркӣ. Тоҷикон халқе ҳастанд, ки аз байни равшанфикронашон шоири бузург Фирдавсӣ баромадааст ва беҳуда нест, анъанаҳои фарҳангии онҳо аз ӯ сарчашма мегиранд… Тоҷикон халқи махсус ва дорои фарҳанги бой мебошанд”.
Ё худ, дар ин ҷо боз суханони нависандаи шинохтаи Туркманистон – Бердӣ Карбобоевро меорем, ки чунин гуфтааст: “Мардуми тоҷик асрҳои аср дар байни халқҳои ашроф хатту савод, фарҳанг, одоб, расму русум ва дигар арзишҳои маънавии умумибашариро паҳн кардаанд. То Инқилоби Октябр дар урбаи туркманҳо, қишлоқи ӯзбекҳо, дар авули қазоқҳою қирғизҳо ҳар ҷо мактабе бошад, аксаран мактабдор аз тоҷикон буданд, ҳар ҷо муллое ба назар расад, низ аксаран тоҷик буд, калонтарин мулоҳои ин халқҳо ҳамонҳое буданд, ки дар мадрасаҳои Бухоро дар назди мударрисони тоҷик таҳсил дидаанд. Тоҷикон муаллими ҳамаи мо, устоди моанд”.
Дар ин росто бояд нуктаи муҳимми дигарро зикр намоем, ки Абулқосим Фирдавсӣ асари ҷовидона “Шоҳнома”-и худро ғолибан ба забони тоҷикӣ – форсӣ – дарӣ навиштааст. Устод С. Айнӣ дар мақолаи “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳномаи ӯ” дар бораи забони ин шоҳасар чунин навиштааст: “Забони “Шоҳнома” содатарин ва софтарини забонҳои классикони Эрон аст”.
Ҳамин тавр, “Шоҳнома”-и беназири Абулқосим Фирдавсиро мо метавонем бо ифтихор ва итминони комил ҳамчун махзани (ганҷинаи) таълимӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, инсону инсонгароӣ, ватану ватандорӣ, озодиву озодипарастӣ, сулҳпарастӣ, ифтихори миллӣ, маърифатӣ, хирадмандӣ, некиву накукорӣ, иттиҳоду ягонагӣ, оилаву оиладорӣ ва худшиносиву худогоҳӣ эътироф намоем. Зеро мутолиаи ин шоҳасари оламгир дар қалб ва андар мағзи ҳар як хонанда хислатҳои беҳтарини ахлоқи ҳамидаи инсониро ташаккул ва рушд дода, ӯро то ба дараҷаи инсони комил ба воя мерасонад.
“Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи арзишҳои миллии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, саропо аз панду андарз, ҳикмату ахлоқ, илму дониш ва маърифат иборат аст, ки онҳоро дар шароити рушди ҷомеаи муосир метавонем самаранок истифода намуда, ба роҳу равиш, тарзу усул ва воситаҳои раванди таълиму тарбияи насли имрӯзу оянда рушд бахшида, ҳамзамон ба талаботи замони имрӯза ҳамоҳанг созем.
Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”- и хеш насли имрӯзу пешомадаро ба ояндаи дурахшон даъват намуда, таъкид мекунад, ки аз таърих, тарзи зиндагӣ, тамаддун, расму оин ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик сабақ гирифта, таҷрибаи бою ғании ҳаёти онҳоро аз бар намуда, дар пешбурди ҷомеаи муосир истифода намоянд.
“Шоҳнома”, ки саропо тарбия аст, устодон, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд дар ҳар як лаҳзаи дарс ва чорабиниҳои тарбиявӣ, вобаста ба мавзуъ аз роҳу равиш, тарзу усул ва воситаҳои фаъол ва навин аз ин шоҳасари беназир самаранок истифода намуда, насли наврас ва ҷавонро дар руҳияи ахлоқи неки инсонӣ тарбия намоянд. Хусусан дар рафти машғулиятҳои таълимии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ахлоқ, маърифати оиладорӣ ва ғайра бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи илму дониш, маърифатнокӣ ахлоқ, ғанӣ гардонидани хазинаи луғавӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии шогирдон самаранок истифода намудан ба манфиати ҷомеа мебошад.
Ба чоп расонидан ва туҳфа кардани “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар як хонаводаи мардуми Тоҷикистон дар шароити рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ кори хайр, иқдоми нек ва айни муддао мебошад, зеро то кунун дар ҷаҳон ҳеҷ кас чунин иқдому ибтикоротро анҷом надодааст.
Оид ба масъалаи ба чоп расонидани ин шоҳасар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати “Муқаддима”-и “Шоҳнома” чунин гуфтааст: “Дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки хатари аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забонҳо ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандӯстона, ҳувият, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу буми ниёгон, ки дар “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ бозтоб ёфтаанд, ниёзманд ҳастем ва бояд бо такя бо ин андешаҳои хирадмандона пояҳои давлати миллии хешро боз ҳам устувортар намоем. Имрӯз мо “Шоҳнома”-ро дубора чоп ва дар дастраси мардуми шарафманди тоҷик қарор медиҳем, ба ин умед, ки руҳи “Шоҳнома” ва афкору андешаҳои миллатсози ҳаким Фирдавсӣ вориди ҳар хонадони тоҷик гардида, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон худро дар назди давлати соҳибистиқлоли миллӣ масъул шуморад ва барои рушду пешрафти он тамоми неру ва тавони худро сарф намояд”.
Тақдими “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи тоҷик ҳадафмандона буда, ғояи баланди худшиносиву худогоҳӣ дорад ва ҳар фарди ин миллатро муваззаф месозад, ки баҳри пойдориву устувории давлат ва ворастагии ин миллат саъйи балеғе ба тақдим расонад, яъне, бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон онро ҳамчун китоби рӯимизии худ қарор диҳад, ин шоҳасари безаволро сидқан омӯхта, таҳлил карда, онро ба сифати роҳбаладу роҳнамо ва ситораи қутбнамои зиндагии хеш самаранок истифода барад.
Қ. Абдураҳимов,
профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
