Дар асоси Фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҷиҳати гузаронидани курси такмили ихтисос аз ҷониби намояндагони Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисоси тахассусӣ аз рӯйи равияи “Усулҳои фаъоли таълим” шуруъ аз 15- уми январ оғоз гардида то 31-уми январи 2026 идома меёбад.
Дар кори семинар Ҳ. Тағоев, дотсент дар мавзуи “Омода намудани маводҳои мултимедиявӣ”, С. Мавлоназаров, дотсент дар мавзуи “Омӯзиши усулҳои фаъоли таълим тавассути технологияи муосир”, Л. Назирӣ, дотсент дар мавзуи “Методологияи таълими инноватсионӣ”, Х. Мирзамонзода, профессор дар мавзуи “Сиёсати давлат дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия” бо маърӯзаҳо баромад намуда, маслиҳату маълумотҳои муфид оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим пешниҳоди омӯзгорон гардонида мешавад.
Дар ҷараёни баргузории семинар-машварати таълимию методӣ Азимиён Нусрат, намоянди сифати таҳсилот ширкат намуда, иброз доштанд, ки баргузории семинари мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Иштирокчиён фаъолона иштирок намуда, пас аз гузаштани такмил соҳиби диплом мегарданд.

