Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳамчун раиси Шурои ноибони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва намояндаи Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сипас, Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, як қатор масъалаҳои муҳимми марбут ба фаъолияти илмию инноватсионии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дод. Аз ҷумла, ӯ дар бораи вазъи фаъолияти илмӣ ва инноватсионии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касби кишвар дар соли 2025, раванди таълим дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), иштироки устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои буҷавӣ ва масъалаҳои дигар ибрози андеша намуд.
Дар идомаи суханронӣ, масъалаҳои рушди робитаҳои байналмилалӣ, мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон, ҷалби лоиҳаҳо ва грантҳои байналмилалӣ дар самти илму инноватсия диққати ҳозиринро ҷалб кард.
Баъдан, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода оид ба ташаббуси вазорат дар самти таҳия ва ба истифода додани пойгоҳи ягонаи миллии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои марбут ба вазъи номнавис шудани ҳайати профессорону омӯзгорон дар ин пойгоҳ, зарурати бознигарӣ ва таҳриру такмили низомномаҳои дахлдори ба фаъолияти илмию инноватсионӣ алоқаманд, чопи мақолаҳо дар нашрияҳои байналмилалии тақризшавандаро мавриди таҳлил қарор дод.
Дар бахши дуюми чорабинӣ тарзи дурусти номнавис гардидани ҳайати профессорону омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар пойгоҳи ягонаи миллии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ба таври амалӣ муаррифӣ карда шуд.
Ҳамзамон, истифодаи амалии замимаи компютерии махсус таҳияшуда барои пешниҳоди маълумот дар бораи кадрҳои илмии муассисаҳо ба вазорат муаррифӣ карда шуд.
Илова бар ин, доир ба бандҳои алоҳидаи низомномаҳои дахлдори маврид таҳрир қарорёфта, ки ба баргузории як қатор озмунҳо дар самти илм, инноватсия ва ихтироъкорӣ марбутанд, маълумот пешниҳод гардида, дар асоси мубоҳисаронӣ ва ироаи фикру ақида ва пешниҳодҳои муовинони ректор ба таври дастаҷамъона такмил гардиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа оид ба таҷрибаи муассисаҳои худ дар самти илм ва инноватсия мубодилаи афкор намуда, як қатор пешниҳодҳои мушаххас барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ ироа карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ муайян карда шуданд.

