Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони кишварҳои форсизабон буда, аз замони бостон бо такомулоташ то замони мо омада расидааст. Ин ҷашн дар худ, низ монанди ҷашнҳои дигар Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон хусусияти хоса дорад. Ҳар яке аз ин ҷашнҳо вобаста ба фаслҳои сол таҷлил мешаванд. Фалсафаи асосии ҷашни Сада ин ғалабаи гармӣ ба сардӣ мебошад.
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг,
Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ҷашни Сада, яке аз ҷашнҳои ориёитаборон буда, дар даҳуми Баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Таърихи қадима будани онро донишмандон ба унсури муқаддаси ориёиҳо, яъне оташ рабт медиҳанд.
Бар асоси андешаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, ин ҷашн ба даврони шоҳи Пешдодиён, Ҳушангшоҳ рост меояд. Дар ин асар оиди кашфи оташ ва асос гузоштани он аз ҷониби шоҳ Ҳушанг зикр мешавад, ки онро меорем: “Ҳушангшоҳ ба ҳангоми шикор мори сиёҳеро мебинад ва ба сӯйи он санге партоб мекунад, ки аз бархӯрди ин санг ба санги дигар, оташаке шакл мегирад ва буттаи хушке, ки дар он ҷо буд оташ мегирад, аз он замон ориёиҳо ба он оташ посдорӣ мекунанд”.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Аз ин мисраъҳои шеъри дарк кардан мумкин аст, ки ин ҷашн аввал хоси подшоҳон будааст, ки он дар дарбор бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардидааст. Ин ҷашн вобаста ба табақаҳои мулкҳо дар тамоми давр пазироӣ шуда, бештар ба кишоварзон аз омадани Наврӯз дарак медодааст.
Яъне, баъди сипари шудани панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз. Баъзе донишмандон номи Садаро гирифташуда аз сад медонанд. Дар ин бора Абӯрайҳони Берунӣ ишора карда, алоқамандии ҷашни Садаро бо адади сад пешниҳод кардааст. Сада дар забони авестоӣ ба маънои “баромадан ва тулӯъ кардан”-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи “sadok” ва дар форсии миёна ба гунаи “sadog” будааст.
Ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз чун таърихи гӯёи чандинҳазорсолаи мардумони форсизабон аз ҷумла тоҷикон будааст, ки дар масири таърих бо ҳуҷуму қатлу ғораташон аҷнабиён ин ҷашнҳоро натавонистаанд аз байн бибаранд, балки онҳоро ба замонашон мутобиқ карда пазируфтаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ин ҷашнҳо аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардиданд, то мо дарк кунем, ки гузаштагонамон чӣ гуна ҷашнҳо доштанд ва таърихи ин сарзаминро бо ин ҷашнҳои кӯҳан муаррифӣ карда тавонем.
Самандар Раҷабалиев,
омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ ва мардумшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ
