Маориф пояи рушди ҷомеа ва ояндаи миллат мебошад. Омӯзгор ҳамчун роҳнамо ва мураббии наслҳои нав дар ин ҷода, яъне рушд ва пешрафти ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи ҳадафҳои аслии худ дар самти пешрафт ва рушд низоми маорифро дар авлавияти кори хеш қарор дода, барои тақвият бахшидан ба ин соҳа бо такя ба ҷомеаи шаҳрвандӣ Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро қабул ва ба тасдиқ расонид.
Ин қонун на танҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои омӯзгоронро ҳифз мекунад, балки сатҳи масъулияти онҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба маорифро низ муайян менамояд.
Маориф низомест, ки дар он мутахассисони тамоми соҳаҳои халқи мамлакат омода карда мешаванд ва дар ин низом нақши омӯзгор хеле бузург аст, чунки ў ин мутахассисонро тарбия мекунад ва ба хољагии халқи мамлакат пешкаш менамояд.
Аз ин рӯ, қабули ин қонун натанҳо манфиатҳои омӯзгорро ҳимоя мекунад, балки вазифаҳои онро дар назди халқ, давлат ва ҷомеа ба таври назаррас мушаххас мекунад, аз ҷумла дар моддаи 6 ва бандҳои 1,2,3,4,5,6, 7,8, 9, 10, қонуни мазкур чунин омадааст: «Омӯзгор уҳдадор аст:
1) раванди таълиму тарбияро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад;
2) ба амалҳое, ки шаъну шарафи омӯзгорро дар ҷомеа паст мезананд, роҳ надиҳад;
3) таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намояд;
4) шаъну шарафи таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда)-ро эҳтиром намояд;
5) барои баланд бардоштани сифати таҳсилот тадбирҳои зарурӣ андешад;
6) дар фаъолияти меҳнатӣ қоидаҳои пӯшидани либосҳои тавсияшударо риоя намояд;
7) дар раванди таълиму тарбия ба тарғибу ташвиқи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ роҳ надиҳад ва таълимгирандагонро ба азхудкунии ғояҳои сиёсию динӣ водор накунад;
9) аз таълимгиранда барои таҳсил, таъмири биноҳои муассисаи таълимӣ, обуна ба нашрияҳо, гузаронидани дарсҳои кушод, зодрӯзи омӯзгор, занги камолот, рӯзи омӯзгор, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, театр, кино, корҳои ободонӣ, харидани маводи таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ маблағ талаб накунад;
10) ҳангоми баҳодиҳии сифати таҳсилот меъёри баҳогузориро риоя намояд.
Бисёр муҳим аст, ки мо ба тамоми анвои фаъолияти хеш ҳукми қонунӣ бахшем, ин аз як сӯ, равобити моро дар майдони қонунӣ танзим намояд, аз сӯйи дигар моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати қонунмеҳвар муаррифӣ мекунад, ки ин ба имиҷ ва эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ таъсиргузор мебошад.
Мо дар низоми маориф қонун ва низомномаҳои бисёр дорем, ки тамоми фаъолияти моро дар дохили ин низом ба тартиб дароварда дар бастари мушаххасу муайян равона мекунад, аммо қонуни мазкур ҳуқуқ ва вазифаҳои шахси калидии ин низом, яъне омӯзгорро пӯшиши қонунӣ бахшида, мақому манзалати ӯро мушаххас намуда, ҷойгоҳу мақоми асллии ўро дар ҷомеа мушаххас мекунад.
Изатуллозода Холида,
дотсенти кафедраи МТИ,
Д Д Б ба номи Носири Хусрав
