Имрӯз дар ҷаласаи якҷояи кафедраи педагогика ва психологияи таъсилоти ибтидоӣ ва кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик муҳокимаи пешакии рисолаи номзадии Азиззода Сафар Нуриддин, унвонҷӯи кафедраи педагогика ва психологияи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи Тарбияи худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар раванди таълими адабиёти тоҷик (дар мисоли насри таърихии Сотим Улуғзода), зери роҳбарии Қурбонов Файзалӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур аъзоёни кафедраҳои мазкур, роҳбари илмии унвонҷӯ ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Унвонҷӯ Сафар Азиззода оид ба мубраияти мавзу иброз намуд, ки дар шароити муосир, пеш аз ҳама, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, шиддат гирифтани низоъҳои мусаллаҳона ва афзоиши бемориҳои гуногун аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки ба тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар диққати амиқ дода, дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва роҳнамоии онҳо ба корҳои ободониву созандагӣ бештар саҳмгузор бошем.
Cотим Улуғзода аз ҷумлаи чеҳраҳои тобони адабиёти муосири тоҷик пазируфта шуда, дар раванди эҷоди асарҳояш пайваста ба таъриху фарҳанг, тамаддуни бою ғании миллати тоҷик ва ҷойгоҳи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардааст. Нақши асарҳои насриву таърихии пурарзиши Сотим Улуғзода аз нигоҳи фарогирии масоили сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ баланд арзёбӣ шуда, мутолиа ва дарки амиқи онҳо дар ташаккули донишу ҷаҳонбинии шахсияти хонандагон таъсири мусбат мерасонад.
Вижагии насри Сотим Улуғзода, бахсусус насри таърхии ӯ, дар илми адабиётшиносӣ ба таври васеъ нақду баррасӣ шудаанд, аммо дар пажӯҳишҳои педогогӣ ба таври зарурӣ таҳқиқу арзёбӣ нашудааст.
Унвонҷӯ дар идомаи баромади хеш оид ба дараҷаи коркарди илмии мавзуи таҳқиқот иброз намуд, ки: “Аз баски мавзуи баҳси пажӯҳиши мо дар ду бахш – яке худи масъалаи худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигаре омӯзиши ин масъала дар илми педагогӣ, аз ҷумла дар ҷараёни дарси адабиёт дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад, дараҷаи омӯзиши мавзуъ ҳам бояд аз ин зовия баррасӣ гардад.
Натиҷаи корҳои анҷомшуда нишон медиҳад, ки то ҳанӯз масъалаи татбиқи худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар раванди таълиму тарбияи хонандагон бо истифода аз методу бархӯрдҳои педагогии таҳқиқи илмӣ пажӯҳиш нашудааст.
Сипас унвонҷӯ оид ба ҳадафи таҳқиқот, объекти таҳқиқот, марҳилаҳои таҳқиқот анддешаронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки диссертатсия аз муқаддимма, 3 боб, хулоса ва рӯйхати адабиёти истифодашуда иборат аст. Дар маҷмуъ, матни аслии диссертатсия 171 саҳифаи чопи компютериро дар бар мегирад. Дар диссертатсия 5 ҷадвал, 8 диаграмма ва як ангора ҷой дода шуда, рӯйхати адабиёти истифодашуда аз 175 номгӯй иборат аст.
Баъди шунидани маърӯзаи унвонҷӯ баромади ӯ ба муҳокима гузошта шуда, дотсентон Маҳкамзода Дилором, Гулзода Қурбоналӣ, Бобоева Гулбаҳор, С. Маҳмадалиев фикру ақидаҳои худро баён доштанд.
Дар охир, ба унвонҷӯ тавсия дода шуд, ки камбудиҳои ҷузъии мушоҳидашударо сари вақт ислоҳ намуда ба Шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод намояд.

