-
«Омӯзгор», №4 аз 28.01.2026
Тавре хонандагони нашрия медонанд, ҳамасола суҳбати сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» бо вазири маориф ва илм сурат гирифта, масоили муҳимми илму маорифи кишвар мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода мешавад. Ин навбат низ дар суҳбат бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро масъалаҳои мубрами рушди соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дастовардҳои соли 2025, ислоҳоти низоми таҳсилот, вазъи таҳсилоти томактабӣ, таъмини муассисаҳо бо омӯзгорон, баланд бардоштани музди меҳнат, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таъмин бо китобҳои дарсӣ, ҳамзамон, ба масъалаҳои сифати таҳсил, омодасозии кадрҳои баландихтисос, иштироки Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ (PISA, PIRLS), рушди фанҳои дақиқу табиӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ, рақамисозии маориф ва нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар худшиносию худогоҳии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Инчунин, ба баҳсҳо дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил, баҳогузории 10-хола, муноқишаи хонандагон, камбудиву норасоии барномаи таълимиву китобҳои дарсӣ ва ҷамъоварии маблағ аз хонандагон ва вазифаҳои афзалиятноки соҳа барои соли 2026 равшанӣ андохта мешавад.
