Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, масъалаҳои муҳими фаъолияти таълиму тарбия ва илмро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҷаласа, нахуст, масъалаи “Ҳолати феълии таълиму тарбия ва низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар факултетҳои математика ва технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттиоот аз ҷониби Зафар Мирализода, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳамчунин, ҳолати иҷрои амалии нақшаи кории омӯзгорони кафедраҳои донишгоҳ аз ҷониби Нурмаҳмад Холов, мудири кафедраи нақлиёти автомобилӣ таҳлил гардид.
Дар идомаи ҷаласа, масъалаи ҳолати корҳои таълиму тарбия ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар докторантураи PhD аз рӯйи ихтисос дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи фаъолияти он барои соли 2026 ҳисоботи Холназар Шамсуллозода, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илӣ-педагогӣ баррасӣ шуда, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳқиқоти илмӣ ва фаъолсозии докторантон пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Дар анҷом, аъзои Шурои олимон доир ба як қатор масъалаҳои ҷорӣ мубодилаи афкор намуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд

