
Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Дар вокеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои худ вобаста мебошад.
Омӯзгор дар рушду нумӯ ва иқтидору устувории кишвар нақши бузург дорад! Албатта, пешаи омӯзгорӣ таъмингари шуои илму маърифати ҷомеа аст. Муҳаммади Риҷоӣ бошад зикр менамояд, ки «Муаллимӣ шуғл нест. Муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаи, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборак бошад».
Дар ҷомеаи имрӯза, ки рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо сатҳи таълим ва рушднокии насли наврас зич алоқаманд аст, нақши омӯзгорон нерӯҳои пешбаранда дар парвариши дониш ва тафаккур беш аз ҳарвақта муҳим аст.
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор” ҳимояи шаъну шарафи омӯзгор, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро муқаррар менамояд, ҳамчун муқаррароти махсус ба мақоми омӯзгор равона шудааст.
Мафҳуми “омӯзгор” аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, ҳамчун шахсест, ки фаъолияти омӯзишӣ ва тарбиявиро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабию, таҳсилоти миёна ва олии давлатӣ ва ғайридавлатӣ иҷро мекунад, ва ба талаботҳои касбӣ, ахлоқӣ ва педагогӣ ҷавобгӯ аст.
Дар меҳвари сиёсати маориф, омӯзгор ҳамчун хишти асосӣ ва арзиши азалии таълим дониста мешавад. Дар шароите, ки ҷаҳони муосир бо таҳаввулоти технологӣ, глобализатсия ва талаботи нав ба маҳорат ва дониш рӯбарӯ аст, омӯзгор бояд аз ҷиҳати фаннӣ, педагогӣ ва ахлоқӣ доим такмил ёбад. Ин талабот роҳи сиёсати давлатӣ гардида, дар асоси он омода гардидани мутахассисони соҳаи маорифро ба хотири таъмини сатҳи баланд ва устувор талаб мекунад.
Азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст.
Омӯзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи ҷароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро омӯзгорон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат, масъул аст.
Имрӯз таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат, хусусан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф равона гардида, маорифро омили калидии амнияти миллӣ арзёбӣ намуда, омӯзгорро дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи хеш қарор додаст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҳарчи бештари наврасон ва ҷавонони лаёқатманд, донишҷуёну аспирантон, роҳбарони илмии онҳо, омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар имтиёзҳо барои омӯзгорони чунин муассисаҳо, бахусус, омӯзгорони ҷавон, масъалаи зиёд намудани музди маош, стипендияҳо ва зиёд намудани шумораи онҳоро ба миён гузошт, ки далели ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумат ба соҳаи илм, алалхусус омода намудани кадрҳои илмии ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа мебошанд.
Дар ин замина қонуни пешниҳодшаванда таъкид мекунад, ки омӯзгор бояд дар сатҳи касбӣ ва методӣ мунтазам рушд ёбад, амалияву назарияро муттаҳид кунад ва эътимоди ҷомеаро ба ин касб тақвият бахшад. Аз ин ҷиҳат, омӯзгор на танҳо меҳнаткунанда, балки тарбиягар, роҳнамо ва мисол ба шумор меравад ки тавассути корҳои оддӣ, баробар бо таъсиргузорӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии наслҳо мебошад.
Мақоми омӯзгор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сиёсатҳои маориф ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ёд мешавад. Омӯзгорон ҳақ доранд, ки дар тарзи касбӣ худ фаъолият кунанд, аз дахолати ғайриқонунии шахсони сеюм озод бошанд ва муносибатҳои волои касбии онҳоро ҳимоя кунанд.
Давлат барои омӯзгорон кафолатҳои иҷтимоӣ монанди маоши муносиб, шароити корӣ, имкони рушд ва такмили ихтисосро пешниҳод намудааст. Аз ҷониби омӯзгор низ уҳдадоранд, ки: барномаҳои таълимро сари вақт омода намояд, маҳорати касбиашро мунтазам такмил диҳад, равандҳои таълимиро бо назардошти таҷриба ва ташаббус идора кунад, тарбияи наслро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳуқуқи инсон таъмин намояд.
Ин муносибат ҳам ҳуқуқу уҳдадорӣ дар якҷоягӣ нишон медиҳад, ки мақоми омӯзгор ҳамчун вазифа ва ҷавобгарӣ, ҳамчун ҳурмат ва иқтидор ба амал меояд.Таҳияи махсуси қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» аллакай бо эҳсоси масъулияти баланд нишонаи ифтихори давлатӣ ба омӯзгорон мебошад. Ин санад барои арзёбии омӯзгорон ҳам ҳамчун шахси соҳибмаърифат ва ҳам ҳамчун шахси бароҳат муҳайё гардад: мавриди ҳимоя, дастгирӣ ва эҳтиром қарор гирад.
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ, вобаста ба соҳаи маориф як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумат, консепсияву низомнома, стандартҳои давлатӣ, стратегияҳои миллӣ ва дастурамалҳо ба тасвиб расидаанд, ки метавонанд барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди соҳа мусоидат намоянд. Дар роҳи ин амал омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ ва умумиятан ҷомеа бояд ҳамкории фаъоли худро баён намоянд ва бо истифода аз имкониятҳо ва кафолатҳое, ки қонун медиҳад, ояндаи дурахшонеро барои наврасону ҷавонон ба вуҷуд оранд.
Баҳодуров Фатҳулло,
омӯзгори кафедраи экологияи умумии факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав
