Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки таъсири равандҳои хатарзои замони муосир ҳатто ба фарҳангу ҳам афкору ахлоқи ҷомеаи кишварҳои пешрафтаи олам ҳам таъсиргузор аст, тақвият бахшидани самти таълиму тарбия ва густариши ҳамкориҳои оила, мактаб ва ҷомеа дар ин самт, аз муҳимтарин омилҳои ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, пойдории суботи ҷомеа ва ҳидояти насли ояндаи кишвар ба ояндаи дурахшон арзёбӣ мегардад.
Одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги волои хонаводагӣ тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ аз муҳимтарин арзишҳои ҳаётӣ маҳсуб меёбанд, ки мояи ҳастии миллат ва пояндагии он дар масири пуршебу фарози таърих буда, ниёкони мо ҳатто дар мушкилтарин санҷишҳои даврони бедавлативу ноамниҳо бо шарофати илму дониш ва фарҳангу ахлоқи ҳамида ҳуввияти худро ҳифз намудаанд.
Даврони Истиқлоли давлатӣ бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муазазми миллат мо ба эҳёи дубораи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳангу маориф дар кишварамон ноил гардидем. Ҳамакнун, дар радифи рушду пешрафтҳои бузург дар ҳама самтҳои давлатдорӣ, таваҷҷуҳ ба илму донишандӯзӣ ва маърифатнокии аҳолӣ зиёд гардида, ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар тадбирҳои ояндасоз рӯи кор омада истодааст.
Бо дарназардошти нақши муҳиму муассири оила ва падару модар дар таълиму тарбияи наслҳои ояндаи миллат, ки кафили пешрафту ободонии Ватан мебошад, бузургони илму адаб омӯзиши пайвастаи илму донишро муҳимтарин маънии зиндагӣ ва мояи хушбахтиву саодати инсон донистаанд.
Ҳаминак, дар ин шабу рӯз, ки густариши ҳамкориҳои таълимгоҳҳо бо сохтору соҳаҳои марбута аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст, дар радифи мактабу ҷомеа, ҳамзамон, масъулияти оила ҷиҳати тарбияи ахлоқиву фикрӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба меҳнати ҷисмониву фикрӣ дучанд мегардад.
Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои асосии коҳиш ёфтани сатҳи донишу малака ва ҳам ахлоқу одоби баъзе наврасону ҷавонон ин пайваста ва мустаҳкам набудани робитаи оила бо мактабу таълимгоҳҳо аст, ки боиси мувофиқат накардани тарбияи таълимгоҳҳо бо тарбияи оила ва ҷомеа гардидааст. Бинобар ин, дар радифи тадбирҳои муҳим андешидашуда ҷиҳати баланд бардоштани кори таълиму тарбия, моро мебояд, ки фаъолияти ниҳоди оила, мактаб ва ҷомеаро дар ин самт ҳамоҳанг созем. Тақозои замони муосир ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии се ниҳоди муҳими тарбия – мактаб, оила ва ҷомеа буд, ки дар кишварамон Қонунҳои муҳиме ба мисоли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият дар тарбияи кӯдак ба тасвиб расид.
Дарвоқеъ ҳам, таъмини беҳтарин шароиту имкониятҳои илму донишандӯзӣ, баҳрамандӣ аз хазинаҳои пурғановатӣ илму адаб, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани иншооти муассисаҳои фарҳангу маърифатнокӣ ва дигар тадбирҳои бобати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия роҳандозӣ гардида, мо омӯзгоронро водор менамояд, ки дар иҷрои рисолати бузурги бар зимма доштаамон, аз ҳар вақта бештару беҳтар саъю талош намоем.
Дар ин росто, ҳамрадифи таълиму тарбия боист, ки таваҷҷуҳи насли ояндаи моро ба ҳунаромӯзиву интихоби касбу пешаҳои барои рушду таарққиёти кишварамон лозим тарғибу ташвиқ намоем. Зеро интихоби касби дӯстдошта ва майлу рағбати наврасон ба ҳунарҳои гуногун, онҳоро ба илму донишандӯзӣ таҳрик мебахшад. Дар ин масири пурифтхор, яъне рисолати таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон шахси омӯзгорро мебояд, ки илова ба саъю талош ҷиҳати таълими фаъоли шогирдон, ҳамвора, ба тарбияи хислату ташаккули афкори онҳо аҳаммият диҳад.
Бо дарназардошти ин нуктаҳои муҳим дар самти таълиму тарбия Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид доштанд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Ва ин панди ҳидоятро ки Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём изҳор доштанд, мову шумо омӯзгорон, падару модарон ва фаъолони ҷомеа сармашқи кору зиндагии хеҳ бояд қарор диҳем: “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд”.
Нурализода Наргис,
муовини ректор оид ба тарбия, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
