Бояд гуфт, ки қатъи назар аз таблиғи шадиди мутаассибон ба муқобили арзишҳои фарҳанги бостонии тоҷикон ҷашни Наврӯз аз байн нарафт. Таҷлили он дар баъзе давраҳо мақоми расмӣ касб намуда буд (махсусан дар замони Сомониён) ва дар дигар марҳалаҳои таърихӣ ба таъқиб дучор омада, шукӯҳи он коҳиш меёфт, аммо ҳамеша дар байни мардум зинда буд. Аз ин, пеш аз ҳама, маросими мардумии наврӯзӣ (суманакпазӣ, гулгардонӣ, ҷуфтбаророн ва амсоли ин), чун иди сари сол таҷлили намудани он ва эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дар васфи Наврӯз дарак медиҳанд.
Васфи Наврӯзу фасли баҳорро мо дар осори шоирони тоҷики ҳама қарнҳо – аз асри IX то асри XXI мушоҳида менамоем. Аз ин рӯ, мубаллиғони фарҳанги бегона, чи дар гузашта ва чи имрӯз, ҳарчанд бар зидди ин ҷашни миллӣ бадгуфторӣ мекунанд, аммо нобуд сохтани Наврӯз ба онҳо дар ҳеҷ давру замон муяссар нагардид ва нахоҳад шуд.
Аз рӯйи пиндори олимон тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ давраи яхбандиҳои тӯлонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи онҳоро сахту душвор намудааст. Рӯдҳои паҳновари Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини онҳо қарор дошт, бар асари сардиҳо ях баста, хунукиҳои зимистон то даҳ моҳ тӯл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд, ҷангалзорҳои анбӯҳ ва дарахтони ёбоӣ дигар ҳосил намедоданд ва мурдану талаф ёфтани чорво меафзуд. Метавон тахмин зад, ки дар замони яхбандии ёздаҳ ҳазор сол пеш рӯйдода ориёиҳо аз паҳноҳои Сибир ва доманкӯҳҳои Урал сарозер шуда, дар канораҳои баҳри Хазар ва Осиёи Миёна сокин гаштаанд.
Дар «Авесто» аз маҳали сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён, сакоиҳо маълумоти нодире маҳфузанд, ки бо номи қаламрави зисташон зикр шудаанд. Ориёиҳо аз ғояти сармо ва хунукиҳои шадид маҷбур мешаванд, ки «Аирйанам Ваеҷаҳ»-и беамсолро тарк карда, дар саргаҳи Гава, Марв, Бохтар, Нисайа, Ҳирот ва кишварҳои дигар то мавзеи Ҳинд, Гургониён ва Роғ паҳн шуда, дар ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна, Афғонистони кунунӣ маскан бигиранд.
Мафҳуми Сада дар забони авастоӣ ба маънои баромадан ва тулуъ карданро
доро буда, дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби Ялдо (21-22 декабр)) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарзаминҳои эронӣ дониста мешавад). Аз рӯйи маълумотҳои гуногун ҷашни Садаро ба шоҳони асотири сулолаи Пешдодиён Ҳушанг, Фаридун, Исфандиёр, Гуштосп, Ардашери Бобакон мансуб медонанд.
Абурайҳони Берунӣ дар «Аттафҳим» сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашнро ба он мансуб медонад, ки аз рӯзи ин ҷашн то Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Яъне аз ибтидои зимистон (аввали Обон) то даҳуми Баҳман, ки Ҷашни Сада аст, 100 рӯз ва аз даҳуми Баҳман то Наврӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст. Ҳамчунин А.Берунӣ дар асари худ «Осор-ул-боқия» чунин менигорад: «Эрониён пас аз он, ки кабиса бартараф шуд дар ин вақт мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз Обонмоҳ (27-октябр) бигзарад мешумориданд ва охири зимистон»-и бузургро даҳ рӯз аз Баҳманмоҳ мегузашт (яъне 31-январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд.
Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём низ пайдоиши ҷашни Сада ба ривояти Заҳҳокро асир гирифтани Фаридун алоқаманд карда шудааст: «Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта мулк бар вай рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Тӯрон ба ҷой меоранд».
Донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи «Сада» менависад, ки: «Сада» вожаи форсӣ буда, дар паҳлавӣ ба шакли «садҳаг» буда, дар арабӣ ба сурати «сазақ» ё «садақ» китобат ва талаффуз мешавад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авесто ба маънии сад, адади сад мебошад, чунонки дар форсӣ низ Сада ба маънии сад сол дар баробари қарн ба кор меравад.
Дар сарчашмаҳои мутамад аз ҷумла дар фарҳанги «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин омадааст: «Дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад», бинобар маълумоти Абдулҳай Гардезӣ (Зайн-ул-ахбор), ки сабаби Сада ном ниҳодаи ҷашнро «миёни ин рӯз ва миёни Наврӯз Сад шабонарӯз бувад, яъне 50-рӯзу 50-шаб».
Дар фарҳанги «Сироҷ-ул луғат»-и Сироҷиддин Алихон Орзу омадааст: «Сада даҳуми рӯзи баҳман: чун дар он рӯз адади фарзандони одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда».
Ибни Мискавайҳ дар «Таҷриб –ул-умум» оиди таърих ва бунёди ҷашни Сада маълумот овардааст. Ҳакими Тусӣ дар достони «Ҳушанг» боби махсусеро бо унвони «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада», эҷод кардааст. Гузоштани шамъ дар ҷашнҳои гуногуни мардумӣ аз ҷашни Сада сарчашма мегирад.
Таърихнигори замони Сомониён Муҳаммади Наршахӣ хабар медиҳад, ки дар Бухоро бо номи «Шаби Сурӣ»- оташи калоне фӯрузон карда мешуд ва гулханҳои бузург фурӯзон мекарданд.
Шоири маъруфи қарни XI Манучеҳрӣ ҷашни Садаро ба Каюмарсу Исфандиёр нисбат медиҳад:
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарс ви-Сфандиёр бошад.
Унсурӣ ҷашни Садаро мерос аз Фаридун ва Ҷамшед медонад:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Ин ҷашн дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониёну Сомониён хеле густариш ёфта, ба дигар кишварҳо бо роҳи муомилоти савдои роҳи Абрешим паҳн мегардад.
Ривояти аз ҳама машҳурро дар хусуси пайдоиши ҷашни Сада, ки ба воқеият наздиктар аст, Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, дар боби махсуси «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» нақл карда, зуҳури онро ба кашф гардидани оташ аз тарафи Ҳушанги пешдодӣ пайванд додааст:
Бигуфто: «Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ».
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.
Шарқшиноси машҳур Е.Э. Бертелс ахбори муаррих, шоир ва файласуфи тоҷику форс Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Мискавейҳро (932-1030) оид ба бурҷҳои азиме аз танаи дарахтон, ки дар замони Мардовиҷ ибни Зиёр (890-935) барои афрӯхтани гулханҳои бузурги ҷашни Сада сохта мешудаанд, оварда, чунин фарзияе пешниҳод менамояд: «Беихтиёр ба сар чунин андешае меояд, ки арчаи солинавӣ, ки дар Аврупо танҳо дар асри XVII пайдо шуда буд, оё акси садои дарахтҳои «фурӯзони» Мардовиҷ нестанд?».
Агар ин фарзияро ба эътибор гирем, пас чароғакҳои арчаи солинавӣ, ки имрӯз гузоштани он дар муҳити мо низ маъмул шудааст, реша дар оташи ҷашни бостонии Сада доштааст.
Дар ин рӯз базмгоҳҳо, оташкадаҳо ва хонаҳо зиннат меёфтанд. Маликону амирон ба раияте баргузида, рӯ ба рӯ ва паҳлуяшон дар атрофи гулхан менишастанд. Ҷашни Сада дастурхони ба худ хосеро дошт, ки дар атрофи он нишаста маҷлиси рақсу бозӣ меоростанд, овозхонӣ ва бадеҳагӯӣ мекарданд ва он то бомдоди дигар идома меёфт.
Кӯдакон бештар ба «гулафшонӣ», навъе аз бозӣ, ки ба мушакпаронии кунунӣ шабеҳ аст, машғул мешуданд. Ва «Бо майи гулгун гулафшонӣ кун» гуфтани Ҳофизи Шерозӣ ишора ба ҳамин амал аст. Рамзи моҳ ранги сафед буд. Кор аз рӯи хирад ба ҷо овардан ба хонаи доноён шудан ва аз сӯҳбати эшон баҳра бардоштан, бо ёрон машварат оростан, бо душманон роҳи оштӣ ҷустан, либоси хуб пӯшидан, ба хонаи ҳамсоя ширу мост бурдан, ба аёдати беморон рафтан аз сунатҳои ҷашни мазкур ба ҳисоб мерафт.
Чунонки тазаккур дода шуд, баъди қарнҳои XI-XII ҷашни Сада дар байни мардум дигар бо риояи анъанаҳои бостонӣ таҷлил намегардид. Танҳо бозмондаҳое аз он дар шакли ҷашни Ҳут дар байни сокинони ҳавзаи дарёи Хингоб ва ҷашни Хирпичор дар Бадахшон чун пайки баҳор ва оини «ҳарчи зудтар аз панҷаи зимистони қаҳратун раҳо шудан ва гузариш аз зимистон ба баҳор» қайд карда мешудааст. Бояд гуфт, ки моҳиятан Сада чун иди мавсимӣ бо табиат пайвандии ногусастанӣ дошта, гардиш ба сӯи баҳори нав, чунонки Манучеҳрӣ гуфтааст, талоя, яъне пешомади онро ифода менамояд:
В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада талояи Наврӯзи навбаҳор.
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 5000 сол пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он – гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Ҷашни Сада дар оғози шомгоҳи даҳуми Баҳманмоҳ, яъне рӯзи меҳр аз моҳи Баҳман баргузор мешавад. Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз Баҳманмоҳ бо афрўхтани ҳезуме, ки мардумон аз пагоҳӣ зуд бар боми хонаи худ ё баландии кўҳистон гирд овардаанд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар манобеи таърихӣ ба шакли дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамоии ҳамаи мардуми шаҳру деҳа баргузории ин ҷашн ишора мешавад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум ба якдигар ёрӣ мекунанд ва бад – ин тартиб Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардум аст.
Ориёиҳо 2 фасли сол доштанд: фасли тобистон (ҳама (hama)) -7 моҳ (фарвардин-21 март то 22 октябр, 210 рӯз), фасли зимистон (зайана (zayana)) – 5 моҳ (обон -23 октябр то исфанд – 21 март, 150 рӯз). 100 рӯз зимистони бузург моҳҳоми 22 октябр-30 январ, обон, озар, дай ва 10 рӯзи баҳман мебошад.
Сарчашмаҳое, ки оиди сада маълумот медиҳанд: А. Берунӣ “Ат-тафҳим”, “Осор-ул-боқия”, Фирдавсӣ “Шоҳнома”, Хайём “Наврӯзнома”, Абдулҳай Гардезӣ “Зайн-ул-ахбор”, Ибни Мискавайҳ “Таҷриб-ул-умум”, Байҳақӣ, Сироҷиддин Алихон Орзу “Сироҷ-ул-луғот”, Ибни Балхӣ “Форснома”, Муҳаммад Ғиёсуддин “Ғиёс-ул-луғот”, “Луғатномаи Деҳхудо”, Ардашери Озаргушасп “Маросими мазҳабӣ ва одоби зардуштиён”, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Унсурӣ, Абулқосими Мубаррадӣ, Тақизода, Муин, Музаффари Гунободӣ, Ҳакими Тусӣ, Ҷорҷ Фрэйзер “Шохаи тиллоӣ”, Артур Кристенсен, Ҳошим Разӣ, Меҳрдоди Баҳор, В. Манҳардт, Э. Вестермарк, Е. Монгк.
Ҷашни Сада асосан омодагии деҳқононро ба киштукорӣ баҳорӣ огоҳӣ дода, ҷавҳари асосии он аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини мамлакат иборат мебошад. Дар тӯли таърих ҷашни Сада пайваста бо дастҷамъӣ ва баҳамоии мардум, бо афрухтани гулхан ва дигар анъанаҳои хоси ба ин ҷашн таҷлил карда мешавад.
Ҳикмати ҷашни Сада ончунон қавӣ аст, ки аз маҳдудияти мардуми форсизабон фаротар рафта, давлатҳои гуногуни олам дар баробари мо, тоҷикон онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар тӯли таърих бархӯрдҳо бар ҷашҳои куҳанбунёди мо аз қабили Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яксон набуда, ҳамеша дар назари мардуми фарҳангдӯсту маърифатпарвар қарор дорад.
Ҷашни Сада дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни «масленница» роиҷ аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Мо, тоҷикон ҷашни Садаро ба мисоли дигар ҷашҳои миллиамон чун суннати муқаддаси аҷдодӣ ва оини шоистаи ниёгони куҳан, ки ифодакунандаи ҷавонию зебоӣ, эҳёи зиндагиву табиат, пойдории адлу инсоф, ваҳдату ягонагӣ ва бародарист, гиромӣ медорем. Бо ин ҷашн, ки пайванди маънавии моро ба гузаштаи пурифтихори таърихиамон таъмин ва ошно мекунад ва ба худшиносии ҳарчи бештари миллӣ мусоидат менамояд, ифтихор дорем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсозии миллати тоҷикро минбаъд боло баранд”.
Ҷашни Сада дар ҳама давру замонҳо ҷашни ҳаёт, эҳёгарӣ, созандагӣ, сарсабзиву шукуфтанҳо, хуррамию фараҳ, тантанаи некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот, сулҳ бар ҷанг, адолат бар ноҳақиҳо, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии халқу миллатҳои гуногуннажод, гуногунзабон, вале ҳамдили сайёра ба ҳисоб мерафт. Бо эълон гардидани ин ҷашни мубораку муқаддас ба ҳусни ҷашни Сада ҳусни дигару ба шуҳраташ шукӯҳи тоза зам гардид. Рисолаташ акнун на танҳо ҳамчун иди баҳору зебоӣ, бедоршавии табиат, фасли суру меҳнат ва офаранда, балки ҳамчун нигаҳдорандаи оташу меҳри гарми хонадону дилҳои мардум, меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, бақои ҳастиву олам бомаротиб афзуд. Муҳим он аст, ки ҷашни Сада, расман ба он бузургиву шаҳомате омада расид, ки ниёгонамон барои ба чунин арҷгузорӣ мушарраф гардиданаш асрҳои аср муборизоҳо мебурданд.
Дар манобеи муътабари таърихӣ ба баргузор кардани ҷашни Сада дар давраҳои мухталифи таърихӣ, монади замони Оли Зиёр ишора шудааст. Мардовиҷ, ки бунёдгузори силсилаи Оли Зиёр ва давлати онҳост, аз оғози садаи даҳум дар кӯтоҳзамоне қаламрави бузургеро, ки шомили сарзамини Мозандарон, Дайлам, Гургон ва Қазвин буд, зери фармони худ овард.
Ҷашни Сада дар аҳди Дайламиён, ки дар таърих бо номи Оли Буя ё Бувайҳиён маъруфанд, ба хусус дар давраи Иззудавла бошукуҳ баргузор мешуд. Оли Буя аз ҳокимони маҳаллӣ ва хонадонҳои ҳукуматгар, ки дар солҳои бистуми садаи даҳум дар андешаи таъсиси давлати хеш афтода, ҳарфи истиқлол заданд, аз миёни сокинони саркашу силаҳшӯри Дайлам зуҳур карда, хилофати Аббосиёнро 11 ҷумодиулаввали соли 334 ҳ.қ./ 19 декабри соли 945 шикаст дода, ҳокимиятро ба даст гирифтанд.
Ҷашни Сада то ҳол дар байни зардуштиёни Ҳинду Эрон баргузор мегардад. Мардумони Варорӯд онро бо номҳои дигар чун: ҷашни «Ҳут», «Чаҳоршанбеи охирон», «Чаҳоршанбеи сурӣ», «Аловпарак» ва «Оташафрӯз» таҷлил менамоянд. Тоҷикон ҳеч гоҳ ба оташ беэътиноӣ намекунанд ва онро гиромӣ медоранд.
Тавре таъкид сохтем, ҷашни Сада баъди гузашти асрҳои зиёд дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гашт ва дар ҷомеаи мо умри дубора ёфт.
Аз ин рӯ, ҳамасола мувофиқи қонунгузории мамлакат, санаи 30 январ (яъне, даҳуми баҳманмоҳи тақвими хуршедӣ) ба таври расмӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуда, ба ин муносибат Роҳбари давлат аз соли 2018 инҷониб бо паёми шодбошӣ мардуми кишварро табрику таҳният мегӯянд.
Бавижа, дар замони истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми расмӣ гирифтани ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон, инчунин бо ташаббуси мамлакати мо ва ҳамдастии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз 18 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми СММ қабул гардидани қатънома оид ба байналмилалӣ эълон шудани рӯзи 21 март ҷашни Наврӯзро ҷаҳониву ҷовидонӣ намуд.
Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова дохил намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30-юми январ дар ҷумҳурӣ Ҷашни Сада таҷлил мегардад.
Дар бораи ҷашни Сада Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз медорад: “Дар миёни сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”.
Дар Тоҷикистони мо низ баъд аз касби истиқлолият давлати тозабунёд роҳро барои эҳёи расму ойинҳои миллӣ ҳамвор кардааст ва барои таҷлили ин ҷашнҳои бостонӣ ҳеч монеае вуҷуд надорад. Дар ин муддат бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз ба ҷашни байналмилалӣ мубаддал шуд ва ҷашни Меҳргон низ эҳё гардид ва бояд қайд намуд, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат ҷашни Сада боз аз сари нав эҳё гардид.
Ҳамин тавр, Сада яке аз ҷашнњои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, аз замонҳои ниҳоят қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намешуд. Баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада аз нав эҳё гардид.
Халилзода Давлаталӣ Халил,
доктори илмҳои таърих, профессор,
мудири кафедраи таърихи умуии
ДДБ ба номи Носири Хусрав
