Соли таҳсили 2024-2025 ДДБ ба номи Носири Хисравро 72 нафар донишҷӯён бо дипломи аъло хатм карданд, ки ин нисбати ба соли таҳсили 2024-2025 28 нафар зиёд мебошад. Дар ин бора ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Айни замон замон дар ин донишгоҳ 23011 нафар донишҷӯ дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 10609 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад,- илова кард ӯ.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки донишгоҳ дар соли 2025 мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф мавқеи худро дар даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ нигоҳ дошта тавонист.
Ҳоло дар 45 кафедраи донишгоҳ 680 нафар омӯзгор, аз чумла 2 нафар академик, 24 нафар докторони илм, 213 нафар номзадҳои илму дотсентон, 441 нафар саромӯзгор, омӯзгорон ва ассистентон барои пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб гардидаанд. Айни замон ҳиссаи омӯзгорони унвондор 35,1 фоизро ташкил медиҳад.
ДДБ ба номи Носири Хисрав айни замон аз рӯйи 94 ихтисос кадрҳои рақобатпазир омода мекунанд.
