Дар ҷаласаи назди кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муҳокимаи пешакии рисолаи номзадии Ҳомидов Ҷонибек, унвонҷӯи кафедраи мазкур дар мавзуи «Таҳқиқоти ҳуқуқӣ-ҷиноятии ҷиноятҳои дорои хусусияти конвенсионӣ» баргузор гардид.
Рисола зери роҳбарии илмии Назаров Аваз, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, таҳия гардидааст.
Дар ҷаласа аъзоёни кафедра, роҳбари илмии унвонҷӯ ва омӯзгорони соҳа иштирок намуда, доир ба мазмун, навовариҳои илмӣ ва аҳаммияти назариявию амалии рисола ибрози назар карданд.
Дар анҷоми муҳокима ба унвонҷӯ тавсия дода шуд, ки камбудиҳои ҷузъии ошкоршударо сари вақт ислоҳ намуда, рисоларо барои баррасӣ ба Шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод намояд.

