Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода ва нашр гардид.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамасола хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳияи филмҳо, мақола ва китоб фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони Солномаи Пешвои миллат нашр менамояд.
СИЁСАТИ ДОХИЛӢ
Соли 2025 миллати тамаддунофари тоҷик 34 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намуд.
Мардуми шарафманди кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонӣ аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҳишу талошҳои созанда Ватани худро ба як сарзамини пешрафта ва аз ҳар ҷиҳат рушдёфта табдил доданд.
Аз ҷумла, тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли 2025, сарфи назар аз мушкилоти мураккаби ҷаҳони имрӯз ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди кишвар, барои мардуми Тоҷикистон соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,4 фоиз таъмин карда шуд.
Соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 28,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 23 фоиз зиёд аст.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд.
Дар соли 2025 ба кишвар ба маблағи 59,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024 35 фоиз зиёд мебошад.
Соли 2025 бо як қатор тадбирҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои шаҳрвандони кишвар соли бобарор, таърихӣ, хотирмон ва пур аз руйдодҳои фараҳбахш буд.
Дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2025 яке аз чорабиниҳои муҳимми сиёсии соли 2025 ба ҳисоб меравад.
Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи миёни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ рӯйдоди дигари таърихӣ аст.
Ҳамчунин, 31 марти соли 2025 сарони се давлати ҳамсоя – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Садир Жапаров шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро ба имзо расонданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гарм истиқбол ёфт.
Дар соли 2025 бо ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар як қатор ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ доир шуд, ки боиси болоравии нуфуз ва муаррифии тозаи кишвар дар арсаи олам гардид.
Аз ҷумла, 30 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз руи ташаббуси Тоҷикистон бо иштироки беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд баргузор гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки 12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ” қабул карда шуд.
Инчунин, 12 декабр бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул гардид.
Бо ташаббуси дигари кишвари мо соли 2025 қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” пазируфта шуд.
Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.
Соли 2025 боз аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса 700-солагии бузургдошти шоири номвари классики тоҷик – Ҳофизи Шерозӣ бо барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҷлил гардид.
Зимни ироаи Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.
Ҳукумати кишвар дар соли 2025 бо роҳандозии сиёсати бунёдкорона дар амалисозии стратегияҳои миллӣ, барномаҳои давлатии соҳавӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани қонунҳои қабулгардида, ба комёбиҳои арзанда ноил шуд.
Соли 2025 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои ҳукумат ва роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ 12 маротиба маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа муҳокима гардид.
Давоми соли 2025 аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 маротиба дар соҳаҳои гуногун, вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, макомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, сарҳадот ва ғайра таъйиноти кадрӣ гузаронида шуда, кадрҳои ҷавону корозмуда ва донандагони забонҳои хориҷӣ ба вазифаҳои пурмасъул таъин гардиданд.
Соли 2025 бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, иштирок дар тантанаҳои идҳои миллӣ ва ҷашнҳои давлатӣ, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва мулоқот бо шаҳрвандони кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 маротиба ба вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 маротиба, вилояти Суғд 3, вилояти Хатлон 8 ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 7 маротиба сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни ин сафарҳо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун бо фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳо суҳбату вохӯриҳои самимию созанда доир намуданд.
Дар доираи сиёсати хирадмандона ва башардӯстона бо хислатҳои накӯ ва ҳамидаи инсонпарварӣ дар соли 2025 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 7 маротиба бо ятимон мулоқот намуда, ба беш аз 800 ятими кулл ва кӯдакони ниёзманд кумакҳои моддӣ расонданд.
САНОАТ
Эълон намудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” барои амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор гузошт.
Соли 2025 дар Тоҷикистон дар маҷмуъ 400 корхонаи нави саноатӣ бо 17 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,1 фоиз афзоиш ёфт.
Дар доираи солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар корхонаҳои саноатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мошинсозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон ва коркарди маъдан ба истифода дода шуд.
Аксари корхонаҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳёфта бо таҷҳизоти муосир ва каммасраф ҷиҳозонида шуда, фаъолияти пурсамари истеҳсолӣ доранд.
Аз ҷумла, давоми соли 2025 бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе корхонаву коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ ифтитоҳ гардида, ба бунёди 4 корхонаи калони саноатӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Данғара, Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров барои наздики 1800 ҷои корӣ санги асос гузошта шуд.
Корхонаҳои калонтарини аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 ифтитоҳёфта, инҳо мебошад:- 3 корхонаи калони саноатии ҶСП Сантайлс (Suntiles) бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ ва марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон бо 600 ҷои корӣ дар шаҳри Душанбе, 3 корхонаи саноатии ҶДММ Талант, ҶДММ Зиннат Гач ва корхонаи Роял Бебӣ Тоҷикистон бо 165 ҷои корӣ дар шаҳри Ваҳдат, корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюминийи аввалин бо 160 ҷои корӣ, марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюмин Проф бо зиёда аз 80 ҷои корӣ дар шаҳри Турсунзода, корхонаи истеҳсоли асфалту бетон бо 100 ҷои корӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, корхонаи хишти Данғара бо 60 ҷои корӣ, корхонаи орд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо 150 ҷои корӣ дар ду баст, Парки саноатӣ дар ноҳияи Ванҷ бо 50 ҷои корӣ ва корхонаҳои муштараки истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ Афранг Пластик бо 150 ҷои корӣ ва корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ДороАртФуд бо 80 ҷои корӣ дар шаҳри Хуҷанд, корхонаи истеҳсоли газоблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти муосири аълосифат” дар шаҳри Бӯстон бо 60 ҷои корӣ, корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Донаи алмос дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд бо 80 ҷои корӣ, корхонаи истеҳсоли обҳои шифобахши Хаватаг бо 20 ҷойи корӣ ва корхонаи мебели Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Асри обод бо 8 коргоҳи истеҳсолӣ ва зиёда аз 50 ҷои корӣ дар шаҳри Истаравшан.
15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри” ташриф оварда, баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона 30 электробуси замонавиро бо тамғаи “Акиа нерӯ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
То ба имрӯз корхона зиёда аз 500 автобус, электробус ва электротролейбуси гуногуншакл ва гуногунҳаҷм истеҳсол намудааст, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои кишварамон ба мусофирон хизмат мерасонанд.
ЭНЕРГЕТИКА
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва татбиқи ҳадафи стратегии расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ соли 2025 аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои созанда амалӣ гардид.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои амалисозии ҳадафи стратегии кишвар ва васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ то соли 2025 дар соҳаи энергетика 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 миллиард доллар амалӣ карда шуда, ҳоло 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,6 миллиард доллари амрикоӣ дар марҳилаи амалисозӣ қарор доранд.
Соли 2025 барои бахши энергетика низ яке аз солҳои муҳим ба ҳисоб меравад, зеро Тоҷикистон дар ин давра ба як қатор дастовардҳои назаррас ва натиҷаҳои муҳими стратегӣ ноил гардид. Аз ҷумла, корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср – Неругоҳи обии Роғун қариб 60 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд. Барои идомаи босуръати корҳои сохтмон дар неругоҳ соли 2025 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд. Сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 145 метр баробар шуд. Дар ин замина, ду агрегати Неругоҳи обии Роғун аз ибтидои фаъолият беш аз 10 миллиард киловатт соат неруи барқ истеҳсол кардааст.
31 марти соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров хатти интиқоли барқи 500 кВ-и Датка-Суғд дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2025 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи обии Себзор бо тавононии 11 МВт, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Ҷангал, неругоҳҳои офтобии Аличур (2,8 МВт), Гулзор (0,45 МВт) ва чор неругоҳи хурди обиро ба кор дароварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 ноябри соли 2025 се агрегати охири Неругоҳи обии Қайроққумро пас аз таҷдид ба кор андохтанд.
Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 ноябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба корҳои сохтмонӣ дар неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо иқтидори умумии 500 МВт оғоз бахшида шуд.
Тавре мудом таъкид мегардад, яке аз масъалаҳои ташвишовар талафоти неруи барқ дар кишвар мебошад. Аз руи маълумоти оморӣ, талафоти барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли 2025 3 миллиард киловатт-соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт-соат кам шудааст.
Аз ин ру, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои пурра аз байн бурдани ин мушкил чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Қобили зикри хос аст, ки дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 талафоти барқ ба 13 фоиз баробар шуда, нисбат ба соли 2024 7 фоиз кам гардид.
Бояд гуфт, ки баъди гузариш ба низоми биллингӣ беш аз 6 ҳазор муштариёни нав ба қайд гирифта шуданд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда соли 2025 13 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа ба маблағи 14,9 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2024 7 фоиз зиёд гардида, ба 24 млрд кВт. соат расонида шуд.
Дар соли 2025 Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 қабул гардид.
РОҲҲО
Бунёди роҳ аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар заминаи устувор мегузорад.
Татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11,7 миллиард сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли 2025 тавассути ҳама гуна нақлиёт 155 миллион тонна бор ва 1,1 миллиард мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 15,2 ва 11 фоиз зиёд мебошад.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз самтҳои асосии стратегии кишвар ба шумор меравад.
Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2025 дар доираи лоиҳаҳои номбурда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёт мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба истифода дода шуд.
Давоми соли 2025 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар як қатор иншооти соҳаи нақлиёт шинос шуда, баъди бунёд як қисми роҳҳоро мавриди истифода қарор доданд.
3 июн Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дидан намуданд.
Масофаи умумии роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дар маҷмуъ 9,2 километрро ташкил дода, ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Паҳноии роҳ 50 метрро ташкил дода, аз 8 хати ҳаракат дар ду самт иборат аст.
25 июн Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дарозии 2 нақби мошингузар дар ин масир 5200 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр бунёд шудааст.
Ин қитъаи шоҳроҳ, ки ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро убур мекунад, 109 километрро ташкил намуда, бунёди ду нақби мошингузар масофаи қаблиро 16,5 км кам намуд.
Роҳи мазкур пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистонро бо кишвари Чин пайваст мекунад.
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба истифода доданд.
Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хатти ҳаракат иборат мебошад ва дар маҷмуъ 16 километрро ташкил медиҳад.
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузарро бо дарозии 82 метр дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти байналмиллалӣ буда, ҷузъи муҳими шоҳроҳи стратегии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ба ҳисоб меравад. Он Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути гузаргоҳи сарҳадии Кулма мепайвандад.
26 август сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори неругоҳи барқии обии Роғун ба дарозии 920 метр ва 3 пули дигари мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мавриди зикри хос аст, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорони щимматбаланд ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.
26 август Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод ба фаъолияти муҳимтарин иншоот дар водии Рашт – роҳи Оби гарм – Нуробод оғоз бахшиданд.
Дарозии роҳ 75 км буда, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил мешавад ва паҳноии стандартии он 12 метр аст. Бо мақсади бартараф намудани монеаҳои табиӣ дар доираи лоиҳа се нақби мошингузар сохта шудааст. Нақбҳои 35-солагии Истиқлолият бо дарозии 2605 метр, Ваҳдат 1700 метр ва Ориёно 1600 метр масофаи роҳро 24 км кутоҳ намуда, масрафи вақт ва сӯзишвориро коҳиш медиҳад.
Барои пешгирӣ аз хатари ҳодисаҳои табиӣ дар як қатор минтақаҳои ҳудуди шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод 14 пули мошингузар сохта шудааст. Дарозии пулҳо наздик ба 1150 метр буда, интиқоли молу маҳсулот ва рафтуои мардумро бидуни танаффус таъмин мекунанд.
11 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор бо дарозии 54,1 км шинос шуданд.
20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров- Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин қитъаҳои роҳ дар масофаи 52 км бо арзиши 56 миллион доллар бунёд гардидааст.
Дар роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом 11 пули мошингузар ва 17 истгоҳ бунёд ёфтааст.
КИШОВАРЗӢ
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи пурраи он бо роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ амалӣ мегардад.
Соли 2025 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 84,6 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2024 9,5 фоиз таъмин гардид.
Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо дар соли 2025 барои пешрафти ин бахши муҳими иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намуд.
Давоми сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бо вазъи зироаткорӣ, моҳипарварӣ, боғдорӣ, парвариши занбури асал, чорводорӣ ва парандапарварӣ дар як қатор хоҷагиҳои кишоварзӣ шинос шуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳо таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба масъалаи обёрии заминҳо, аз ҷумла бунёду ба истифода додани хатҳои нави интиқоли об, аҳамияти кишти такрорӣ, рушди пахтакорӣ ва дигар зироат ҷалб намуданд. Аз ҷумла, 29 март Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи интенсивии филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ниҳоли дарахти мевадиҳанда шинониданд. Боғи интенсивӣ дар маҷмуъ 20 гектарро ташкил дода, асосан дар ҷойи боғоти куҳнаи зардолу, ки бо гузашти бештар аз 30 сол аз самар монда буд, бунёд карда шуд.
30 март Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии комплекси агросаноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саховатро ифтитоҳ карданд.
Иқтидори корхонаи мазкур парвариши 80 ҳазор сар мурғи тухмдеҳ буда, дар як шабонарӯз дар он 65 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Дар ин фабрикаи парандапарварӣ 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудааст.
17 май Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва фаъолони кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Таъкид шуд, ки танҳо бо саъю талоши ҳар як фард ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои худӣ мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ноил гардем.
Дастуру супоришҳои дигар вобаста ба пурра ба анҷом расонидани кишти баҳории зироатҳо, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил аз як замин, таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии аълосифати картошкаву сабзавот ва дигар намуди зироатҳо, инчунин нуриҳои маъданӣ, дода шуд.
Фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, зотпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва растанипарварӣ аз масъалаҳои дигари ташвишовар номида шуд, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ таъсири бевосита дорад.
16 май Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам шинос шуданд.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар парвариш ва нигоҳубини боғҳо таҷрибаи ғанӣ андухта, то пурра ба ҳосил даромадани ниҳолҳо миёни қаторҳои онҳоро самаранок истифода мебаранд. Дар баробари пешниҳод ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ, ҳамзамон ба миқдори зиёд дар сардхона низ маҳсулот захира мекунанд.
20 июн муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии Донаҳои Умед боздид намуданд.
Гармхона дар масоҳати 1,5 гектар замин бунёд гардида, таҷҳизоту дастгоҳҳо барои парвариши сабзавот тибқи таҷрибаи нав аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо натиҷаҳои заҳмати сабзавотпарварон ва намоиши маҳсулот аз гармхонаи Кооперативи тиҷоратии Донаҳои Умед бо кормандон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои гуногуни сабзавот, ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариш, марҳила ба марҳила васеъ намудани масоҳати гармхона, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифат дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамчунин, давоми сол Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дигар шаҳру ноҳияҳо бо фаъолияти хоҷагидорону боғпарварон шинос шуда, барои рушди ин соҳаҳо ва истифодаи самараноки заминҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, 25 июн дар ноҳияи Дарвоз аз хоҷагии моҳипарварии Тоҷ-Корея ифтитоҳ гардид. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мардум дар хоҷагии моҳипарварӣ бори аввал дар кишвар парвариш ва истеҳсоли моҳии нодир бо номи “озодмоҳӣ”-ро ба роҳ монда шуд.
Дар ноҳияи Дарвоз, ҳамчунин, Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ, 26 июн дар ноҳияи Рӯшон Корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ ва нону маҳсулоти нонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ганҷи Рӯшон, 11 июл бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент шинос шуда, 12 июл дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич хатти оби полезиро бо се чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
20 июл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ТОҶ АГРО шинос шуданд.
Ҳадафи боздид аз хоҷагӣ шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бобати рушди соҳаи боғу токпарварӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷ мебошад.
6 август Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода аз заминҳои шолӣ, боғоти хоҷагии деҳқонии Ангури Сомон ва хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Неъмат боздид намуданд.
30 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон дидан намуданд.
Майдони умумии хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон 1 гектар буда, дар шафати он 23 гектар замини чунин боғҳои серҳосил мавҷуд аст. Ҳосили пурбори себҳои Зарринтоб, Ситораи кӯҳсор ва ноки Нозанин, ки навъҳои асосии меваҳои боғро дар ин минтақа ташкил медиҳанд, натиҷаи заҳмати садоқатмандонаи боғдорон арзёбӣ гардид.
24 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Парандаи Пушингро ифтитоҳ намуданд.
Барои парвариш ва нигоҳдории мурғ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, иқтидори умумии паррандапарварӣ 40 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад. Дар маҷмуъ, дар корхонаи Парандаи Пушинг 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занони хонашин, бо кори доимӣ ва музди хуб таъмин шудаанд.
24 октябр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар деҳоти Пушинг чор гармхонаи наву муосири хоҷагии деҳқонии Восеъро мавриди истифода қарор доданд.
18 ноябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 1 хатти тақсимоти оби нӯшокӣ ва 2 хатти оби полезӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Гуфта шуд, ки хатти тақсимоти оби нӯшокӣ дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои таъмини 1500 сокини маҳаллӣ бунёд карда шудааст. Баробари ба кор даромадани ин хатти муҳими тақсимоти об ҳазорон кас ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ татбиқи як лоиҳаи муҳими соҳаи обёрӣ ва беҳдошти заминҳоро иҷро намуд. Дар доираи ин амал 300 гектар заминҳои беоб ва бекорхобида пурра шодоб шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
Дар баробари рушду пешрафти соҳа, соли 2025 сокинони кишвар ба дастовардҳои арзандаи кишоварзӣ дар арсаи ҷаҳон низ ноил гардиданд.
8 июли соли равон дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия дар ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратии FAO Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) расман ба феҳристи “Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ” ворид карда шуд. Ин рӯйдоди таърихӣ барои кишвари мо шарафи бузург буда, Тоҷикистонро ба қатори давлатҳое шомил намуд, ки дорои низомҳои нодири аграрӣ бо арзиши ҷаҳонӣ мебошанд.
Ҳоло беҳтарин рамаҳои гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии кишвар, аз ҷумла корхонаҳои зотпарварии Ҳисори ноҳияи Фархор, Зотпарвари шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав, кооперативҳои истеҳсолии Сомонҷон ва Раҳмонҷони Данғара, Дилшод-Б-и ноҳияи Варзоб ва дигар хоҷагиҳо нигоҳдорӣ ва афзоиш дода мешаванд. Ин муассисаҳо дар ҳифз ва такмили зоти зебои гӯсфанди ҳисорӣ нақши калидӣ доранд.
Ҳамаи дастовардҳои соли 2025 дар соҳаи кишоварзӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ба баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот ва содироти бештари маҳсулот ба хориҷ равона гардидаанд.
МАОРИФ
Маориф бахши муҳими пешбарандаи ҷомеа буда, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду пешрафти ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Афзоиши ҳаҷми маблағгузории соҳа, бунёди даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, макотиби олӣ, муассисаҳои томактабӣ дар саросари кишвар, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷудо намудани квотаҳо барои духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдаст баҳри идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз тадбирҳои мушаххаси дар ин самт амалишуда мебошанд.
Зимни сафарҳои кории Сарвари давлат дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои томактабӣ, коллеҷҳо, гимназияҳо, мактабҳо ва биноҳои иловагии таълимии донишгоҳу донишкадаҳо ба истифода дода шуда, ба хотири шиносоӣ бо вазъи соҳа, шароити таҳсили хонандагон ва фаъолияти омӯзгорон мулоқоту вохӯриҳои судманди Пешвои миллат бо аҳли маорифи кишвар баргузор гардид.
Давоми соли равон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наздики 140 иншооти соҳаи маориф тариқи ҳузурию маҷозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Калонтарини ин иншоот, ки аз ҷониби Сарвари давлат ифтитоҳ гардид, Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (20.06.2025), Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (21.08.2025), Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (30.08.2025) ва ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара (23.10.2025) мебошанд.
Ба ҳолати соли 2025 шумораи муассисаҳои томактабӣ дар кишвар ба 795 адад расид, ки нисбат ба соли 2024 38-то зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, фарогирии кӯдакон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ ба 312 703 кас расидааст, 30,3 фоизи онҳоро ташкил медиҳад.
Вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 ҳазору 154 маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 182,7 ҳазор кӯдак таъсис дода шудааст.
Соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло дар кишвар 4 ҳазору 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок карда, дар бораи сиёсати сулҳовар ва маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ мекунанд.Ин навбат чунин мулоқот 30 августи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи устодону донишҷӯёни пойтахт ва аҳли маорифи кишварро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳамчунин ба муносибати ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Давом дорад…
