Имрӯз дар факултети химия биология ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба қабул шудани қатънома дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» ва «Соли 2025 – Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Ғ. Пиров оғоз гардид.
Сипас, Д. Давлатова, мудири кафедра дар мавзуи «Қабул шудани қатънома дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера», омӯзгори кафедра Исломзода Муборакшо дар мавзуи «Криосфера – қабати муҳими системаи экологӣ», донишҷуёни ихтисоси биология-экология Ураншихова Гулсанам дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ояндаи башарият», Раҳматзода Нозия дар мавзуи «Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи об дар Осиёи Марказӣ» суханронӣ намуданд.