Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади фаҳмондани мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм вохӯрии судманд бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён доир шуд.
Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ оғоз гардид. Сипас, Наҷмиддинзода Садриддин, судяи Суди вилояти Хатлон, доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Абдуллозода Фарҳод, судяи Суди вилояти Хатлон дар мавзуи “Пешгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ миёни ҷавонон ва ноболиғон ” ва Набизода Эмомалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ баромад намуданд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва итоат ба қонун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Ба донишҷӯён оид ба оқибатҳои ҳуқуқии қонуншиканӣ ва роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

