Интеллекти сунъӣ (ИС) ё зеҳни сунъӣ аз тарафи як шахси алоҳида сохта нашудааст, аммо аввалин шахсе, ки асосҳои мафҳумии онро ворид намудааст, ин Алан Тюринг мебошад, ки тести Тюрингро месозад. Соли 1956 Ҷон Маккартӣ худи мафҳумро ба илм ворид менамояд.
Дар замони муосир ИС ба ҷузъиёти ҷудонашавандаи ҳаёти мо табдил ёфтааст: аз системаҳои ҷустуҷӯйӣ сар карда, то ёридиҳандаҳои овозӣ ва аз коркарди расмҳо то ронандаҳои автоматӣ. Вале роҳ ба ин технологияҳо дуру дароз ва ғайриодӣ буд. Одамон асрҳо оид ба мошинҳои фикркунанда орзӯ мекарданд, аммо чунин мошин дар миёнаҳои асри ХХ сохта шуд. Чунин навгонӣ бо сабаби муваффақиятҳо дар соҳаи технологияҳои компютерӣ ба вуҷуд омад. Одамизод аввал аз амали ҷамъ ва тарҳ дар доираи ададҳои камтарин оғоз карда, сипас кодиронидани иттилоотро омӯхтанд, ки ин ба коркарди панҷ намуди иттилоот дар компютер оварда расонид: рақамӣ, матнӣ, графикӣ, овозӣ ва намоишӣ.
Муваффақияти бузург дар соҳаи ИС ба соли 1997 рост меояд, вақте ки суперкомпютери фирмаи IBM – DEEP BLUE бар шоҳмотисти ҷаҳон Гарий Каспаров дар бозии шоҳмот ғолиб меояд.
Пайдоиши Интернет боиси паҳншавӣ ва ихтироъи садҳои интеллектҳои сунъӣ гардид. Масалан, системаҳои ҷустуҷӯии иттилоот, системаҳои омӯзиши забонҳо, системаҳои таҳлилӣ ва тафтишӣ (экспертӣ), тюторҳо, тарҷумонҳо ва амсоли инҳо ба системаҳои интеллектуалӣ дохиланд.
Мафҳуми зеҳни сунъиро чунин мефаҳмонем: як инсон ба компютер “меомӯзонад”, то ки он ба дигарон “омӯзонад”.
Дар ҳақиқат, мо имрӯз аз чунин зеҳнҳои ба таври эҷодӣ (бадеӣ, сунъӣ) сохташуда истифода бурда зеҳният, дониш, маҳорату малакаи худро такмил медиҳем.
Солҳои 2022-2023 бо воридшавии инқилобии амсилаҳои бузурги забонӣ фарқ мекунад. Чунин низомҳои интеллектуалӣ, ба монанди GPT-3 ва наслҳои он қобилияти эҷоди матнҳои аз матни инсон фарқкунанда, ташкили муколамаи пурмазмун, эҷоди барномаи ҳалли масъала ва ҳатто эҷоди асарҳои бадеиро нишон доданд.
Лоиҳаи ChatGPT (Чатҷипитӣ) ҳамчун яке аз системаҳои тавлидии ақли сунъии муосир аз тарафи ширкати OpenAI сохта шуда, дар давраи кӯтоҳи вақт ба яке аз технологияҳои ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин низоми зеҳнӣ қобил аст, ки муколамаро дар забони табиии инсон ба роҳ монда, ба саволҳои дилхоҳ ҷавоб гардонад, матнҳоро тавлид кунад, дар омӯзиши барномасозӣ кӯмак намояд ва матнҳоро тарҷума кунад. Ин низом ҳамчун низоми нав тез қабул гардид ва он тарафҳои мусбату манфиро дар бар мегирад.
Сохташавии ChatGPT яке аз дастовардҳои муҳимми даҳсолаи охир мебошад, ки барои ҳамкории инсону мошин уфуқи навро мекушояд. Аммо ташаккули фаврӣ баъзе саволҳоро ба миён гузошт: бехатарӣ, тарзи татбиқ, махфият, таъсирот ба бозори меҳнат ва таҳсилот. OpenAI барои бартараф кардани норасоиҳо ва камбудиҳое, ки дар натиҷаи татбиқи СИ ба бор оварда мешавад, кор мекунад, яъне кӯшиш мекунад, то рушди зеҳни сунъӣ бо сиёсатҳои хуб андешидашуда оид ба амният, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ ҳамроҳ бошад.
Лоиҳаи ChatGPT ин на танҳо маҳсулоти технологӣ аст, инчунин натиҷаи таҳқиқотҳои чандинсолаи илмӣ, ҳамкорӣ ва равиши иқдомотӣ ба инкишофи зеҳни сунъӣ мебошад. Муваффақияти он нишон медиҳад, ки технологияҳои нав то чӣ андоза метавонанд ҳаёти моро тағйир диҳанд. Дар оянда муваффақиятҳо зиёданд. Мо боварӣ дорем, ки зеҳни сунъӣ боз ҳам ба равандҳои ҳаррӯза наздик шуда, дар қабули қарорҳо амиқтар гардида ва боиси ба вуҷуд омадани наслҳои нави моделҳои забонӣ мегарданд, ки қодиранд амиқтар ва дақиқтар дарк, таҳлил ва амал кунанд.
Ба кор андохтани ChatGPT миллионҳоро ҳам шод намуд ва ҳам тарсонид. Дар ҳақиқат, бо системаи интеллектуалии сунъии Чатҷипитӣ кор карда, мо ба “доноӣ”-и ин низоми ақлонӣ ҳайрон мешавем ва агар мустақилона омӯхтанӣ бошем, пас назар ба гиреҳҳое, ки Интернет таъмин мекунад, ба мо маълумоти пешниҳодкардаи ин низом бештар маъқул мегардад, зеро ин низом тез ва мушаххас ба саволҳои мо ҷавоб мегӯяд. Базаи маълумоти низомро воситаи маълумоте, ки ширкати OpenAI таъмин мекунад, ташкил медиҳад. Ҳатто мо ба ChatGPT оид ба манбаъи маълумоти он пурсидем ва чунин ҷавоб гирифтем: «ChatGPT аз интернет зинда маълумот намегирад. Ӯ пешакӣ бо китобҳо, матнҳои таълимӣ ва маълумоти умумӣ омӯзонида шудааст. Ӯ сомонаҳоро намебинад ва серверҳои кишварҳои алоҳидаро истифода намекунад».
Чуноне ки қайд кардем, ChatGPT манбаъи омӯзиш аст, пас аз он барои омӯзиши барномасозӣ ба таври мустақилона, бе таъсири омӯзгори ҳақиқӣ истифода бурдан мумкин аст. Ва ҳангоми истифодаи ChatGPT барои барномасозӣ мо дурустии маълумоти онро таъид карда метавонем, зеро барномаро сохта, месанҷем ва агар он кор накунад, он гоҳ аниқ мекунем, ки маълумоти ин низом хато аст. Яъне ҳангоми истифодаи ChatGPT барои барномасозӣ эҳтимолияти хатоӣ ба сифр баробар аст, агар мо алгоритмҳои пешниҳоднамударо дуруст иҷро намоем. Пас, ба хонандагон ва донишҷӯён ва ҳамаи шахсоне, ки барномасозиро омӯхтан мехоҳанд, талқин менамоем, ки аз ин низоми интеллектуалӣ истифода намоянд ва эҷодиёти худро дар самти барномасозӣ рушд диҳанд.
Хулоса, истифодаи бомақсадонаи интеллектҳои сунъӣ ба манофеъи рушду такомули малакаҳои ҳам касбӣ, ҳам мустақилгардонии фикрӣ ва ҳам эҷодиёти мантиқӣ овада мерасонад.
Гулова Маърифат,
номзади илмҳои физика-математика,
дотсенти кафедраи системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди ахбор ва шабакаҳои алоқаи факултети технологияҳо рақамӣ ва ҳифзи иттилоот
