Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоише, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, тавзеҳ дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар ҳамоиш нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, хусусан дар самти тақвияти волоияти қонун дар ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм шарҳ дода шуданд.
Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Бохтар Наргис Нурализода ва судяи Суди вилояти Хатлон дар мавзуи «Пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ миёни ҷавонон ва ноболиғон» сухан гуфтанд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва итоат ба қонун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад.
Ба донишҷӯён оид ба оқибатҳои қонуншиканӣ ва роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
АМИТ «Ховар»
https://khovar.tj/2026/02/dar-donishgo-i-davlatii-bohtar-nukta-oi-mu-imi-payomi-prezidenti-to-ikiston-ba-ma-lisi-ol-tavze-doda-shudand/
