Имрӯз Наимзода Қудратулло, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешдифои диссертатсияи доктории худро дар муассисаи пешбар – Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Шавкати Бухороӣ ва мақоми ӯ дар адабиёти форс – тоҷик” доир намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ, (10 .01.01 – Адабиёти тоҷик, равобити илмӣ) пешбинӣ гардидааст.

