Имрӯз, дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав устодони донишгоҳ барои муаррифии ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар шуданд.
Ҳайати омӯзгорон ҳангоми суҳбат натанҳо ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ, балки дигар афзалиятҳо, аз қабили шароити таҳсил, потенсиали илмӣ ва кадрӣ, мавҷудияти тахтаҳои электронӣ, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоту техникаҳои муосир, паркҳои технологӣ ва дигар имкониятҳо муаррифӣ шуданд.

