Бо супориши раёсати Донишгоҳ Ҷабборов Диловар,номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ ва Шамсов Ҷумахон, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ноҳияи Фархор сафарбар гардиданд.
Тибқи маълумоти шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор, дар ҳудуди ноҳия 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд, ки бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯриҳо баргузор намуданд ва имконияту афзалиятҳои таҳсил дар донишгоҳро муаррифӣ карданд.
Зимни вохӯриҳо доир ба ихтисосҳои амалкунанда, шароити таълим, ҳайати устодон, пойгоҳи моддию техникӣ ва дурнамои касбии хатмкунандагон маълумоти муфассал пешниҳод гардида, ба саволҳои хонандагон посухҳои мушаххас дода шудааст.
Ин иқдом бо мақсади ҷалби ҷавонони болаёқат ба таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо оид ба имкониятҳои таҳсилоти олӣ амалӣ карда шудаанд.

