Имрӯз, дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав устодони донишгоҳ барои муаррифии ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар шуданд.
Дотсентон Назаров Меҳрубон ва Шарипов Сангимурод ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус, аз ҷумла бо кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, ҳайати устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мулоқот намуданд.
Ҳангоми суҳбат натанҳо ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ, балки дигар афзалиятҳо, аз қабили шароити таҳсил, потенсиали илмӣ ва кадрӣ, мавҷудияти тахтаҳои электронӣ, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоту техникаҳои муосир, паркҳои технологӣ ва дигар имкониятҳо муаррифӣ шуданд.
Дар идомаи муаррифии ихтисосҳои амалкунандаи ДДБ ба номи Носири Хусрав хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус роҷеъ ба тартиби пардохти шартнома, мавҷудияти гурӯҳои ройгон, хусусияти таҳсили рӯзона аз ғоибона, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таҷрибаомӯзиҳо ва дигар имкониятҳо саволҳо дода, посух гирифтанд.

