Факултети забон ва адабиёти рус соли 2019 ташкил шудааст. Факултет дорои ду кафедра- кафедраи забон ва адабиёти рус ва кафедраи методика ва амалияи таълими забон ва адабиёти рус мебошад.
Дар солҳои охир бо кумаки роҳбарияти донишгоҳ, кӯшиши деканат, мудирони кафедраҳо ва азму ғайрати омӯзгорон кори факултет куллан тағйир ёфта, шароити кории омӯзгорон ва дарсомӯзии донишҷӯён рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Дар факултет бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва Ҷамъияти ҳамкориҳои Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ славянӣ Маркази таълимии “Русское пространство” ва “Сентр откритового оброзования”, ки пайваста донишҷӯён дар он фаъолият менамоянд ташкил карда шудааст ва барои забономӯзии донишҷӯён шароити мусоидро фароҳам сохтааст. Ин марказ бо асбобҳои электронии муосир таҷҳизонида шудааст.
Дар факултети забон ва адабиёти рус 32-нафар омӯзгорон кор ва фаъолият доранд, ки аз онҳо ду нафарашон докторҳои илм, 6- нафарашон номзадҳои илм, 4-нафар доктор phd . 10- нафар унвонҷӯён мебошанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро робитаҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад. Бо дарназардошти имкониятҳои мусоид ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло устодону омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Руссия Узбекистон робитаҳои зич дошта, дарсхои онлайнӣ, такмили ихтисос гузаронида шуда истодааст Айни замон, дар факултет 27-нафар донишҷӯ тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд ки аз онҳо 18- нафарашон духтарон, 9- нафарашон писарон мебошанд.
Ҳамаи онҳо идрорпулӣ мегиранд, бо ҷои хоб таъмин буда, инчунин раисони шаҳру ноҳияҳо бо онҳо вохурӣ карда ва аз кумакпулиҳо бархурдоранд.
Факултет донишҷӯёнро аз рӯи се ихтисос ба таҳсил фаро мегирад:
1-020302 – Забон ва адабиёти рус;
1-21050504 – Назария ва амалияи тарҷума (забони русӣ);
1-020304-02 – Забон ва адабиёти рус. Забони англисӣ.
Дар факултет дар соли таҳсили 2025- 2026 дар маҷмуъ 17 гурӯҳи академӣ 387 нафар донишҷӯёни таҳсили рӯзона дар зинаи бакалавриат ва 2 гурӯҳи академӣ, 25 нафар дар шуъбаи магистратура, ҷамъ 412 нафар дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Соҳаи фаъолияти касбии хатмкунандагони ихтисосҳои факултет дар маҷмуъ фаъолияти омӯзгориро дар бар мегирад.
