Факултети молиявию иқтисодӣ бо мақсади таъмини сифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири соҳаи иқтисодӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори PhD, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тавассути татбиқи пурраи низоми кредитии таҳсилот кӯшиши беандоза дорад.
Дар факултет зиёда аз 50- нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз онҳо 3-нафар доктори илм, профессор ва 22-нафар номзади илм, дотсент ба донишҷӯён таълим медиҳанд.
Дар факултет зиёда аз 1400-нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд.
Дар назди кафедраи фаъолияти бонкӣ ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ кушода шудааст, ки таҳсил дар он пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба донишҷӯён омӯзгорони пуртаҷриба дарс мегӯянд ва аз рӯйи таҳлилҳо дар давоми 6 моҳ донишҷӯён метавонанд озодона бо забони англисӣ дар доираи фанҳои ихтисоси худ ҳарф зананд.
Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассис омода мекунад:
1-250104 Молия ва қарз
1-26010303 Идоракунии молияи давлатӣ
1-250104 Кори бонкӣ
1-250108 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
1-25010801 Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар бонкҳо
1-250107 Иқтисод ва идора дар корхона
1-250103 Иқтисодиёти ҷаҳон (забони англисӣ).
