Факултети физика барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи гуногуни хоҷагии халқи кишвар саҳми бузург дорад. Ин факултет бо ташабуси Раёсати донишгоҳ соли 2025 пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо дастгоҳҳои нави замонавӣ таҷҳизонида шуд.
Факултети физика ҳамсоли донишгоҳ буда, аз соли 1978 бо номи ҳозирааш арзи вуҷуд дорад. Факултет дар тӯли ин солҳо ҳазорҳо мутахассисонро ба камол расонидааст, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият мекунанд.
Қисми зиёди омӯзгорони фанни физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон хатмкардаи ҳамин факултет мебошанд.
Дар солҳои арзи вуҷуд доштани факултети мазкур донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
Дар факултет зиёда аз 50 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 13 нафарашон номзадони илм ва 3 нафар докторон мебошанд. Факултет имсол донишҷӯёнро аз рӯи панҷ ихтисос ба таҳсил фаро мегирад:
1-310401-03- физика (фаъолияти илмӣ-педагогӣ),
1-020504-02 – физика. информатика,
1-020504-05 – физика. информатика. астрономия,
1-020504-01- физика математика ва 1-080101-03-таълими касбӣ (энергетика).
Айни ҳол дар факултет 22 синфхона ва 660 нафар донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудааст.
Дар факултет ду маҳфил амал мекунад. Маҳфили кафедраи физикаи умумӣ «Эврика» ва маҳфили кафедраи методикаи таълими физика «Физикони ҷавон». Дар факултет чор озмоишгоҳ фаъолият мекунад: Озмоишгоҳи «Механика» ва «Физикаи молекулавӣ», ки дорои ҳамаи асбобҳои замонавӣ барои гузаронидани корҳои озмоишӣ аз ин қисмҳои физика шароити хеле хуб ташкил карда шудааст.
Озмоишгоҳи «Барқ» ва «Оптика» низ бо дасгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз карда шудааст. Соли 2021 дар факултет бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва мактаби гармофизикаи ҷумҳурӣ озмоишгоҳи илмӣтаҳқиқотӣ «Физикаи гармо» кушода шуд.
Озмоишгоҳи «Методикаи таълими физика», «Астраномия ва электротехника» низ бо дастгоҳҳои замонавӣ ва муосир муҷаҳҳаз карда шуда, барои гузаронидани корҳои озмоишӣ ҳамаи шароитҳо мавҷуд аст.
