Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи тарбия дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар хобгоҳи нави донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади тозагии ҳуҷраҳои зист, роҳравҳо, ҷойҳои истифодаи умумӣ, истифодаи самараноки вақт, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ баргузор гардид.
Дар сӯҳбат- вохӯрӣ Нурализода Наргис, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, Наҷмиддинов Муслиҳиддин, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ, Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ ва дигар омӯзгоону донишҷӯён иштирок ва суханрони намуданд.
Таъкид намуданд, ки қоидаҳои дохили хобгоҳ, сари вақт ҳозир шуданба хобгоҳ, тозагии манзилу муҳити хобгоҳ, рафтори намунавӣ бо кормандон ва мутассадиёни хобгоҳ, иштирок дар чорабиниҳои бахши хобгоҳ аз ҷониби донишҷуён бе ягон мамоният риоя карда шавад.
Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои неку созанда ва ниятҳои неку бунёдкоронаро пешаи худ кунанд, гирду атрофи хобгоҳ ва дар умум муассисаро тозаву озода нигоҳ доранд ва намунаи ибрат барои дигарон бошанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён гуфтаҳои намояндангонро ба инобат гирифта, иброз доштанд, ки дар фаъолияти рӯзмараашон ин пешниҳодҳоро сармашқи кори худ хоҳанд кард.

