ВАРТА:
Ҷанги шаҳрвандӣ вартаи ҳалокату фанои миллат буд. Аз ин гардоби тира моро танҳо сиёсати сулҳдӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон берун овард. Тоҷикистон аз ин варта наҷот ёфт.
ВАҲДАТ:
Тинҷиву осудагӣ, сулҳу оромӣ ва сериву пурӣ меваҳои ваҳдатанд. Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ваҳдат гуфту сохт ва шукр, ки натиҷа дод. Ҳама ҷо ваҳдат аст. Имрӯз ин реша мустаҳкам гардидааст ва ҳама дар паҳлӯи ҳамдигаранд.
МУҲИТИ МИЛЛӢ:
Эмомалӣ Раҳмон муҳит сохта тавонист ва ин муҳит миллӣ мебошад. Имрӯз дар тақдири як ҳаммилати мо хати ноҷуре ба вуҷуд оваранд, тоҷикиятамон моро бетафовут намегузорад. Тадбирҳо дар роҳи худшиносии миллӣ ин сохтани муҳити миллӣ аст.
АМНИЯТ:
Шукрона аз он ки дар радифи бузургтарин кишварҳои амни ҷаҳон қарор дорем. Ин система шакл гирифта, омма ба дарки мафҳуми “ҚОНУНМЕҲВАРӢ” расидааст. Дар ҷомеае, ки қонун ҳоким аст, ин ҷомеа ҳатман роҳи таҳаввулро меёбад.
МЕҲРУ ШАФҚАТ:
Чун нафаре дар як деҳаву қасабаву куча бемору нотавон мешавад, аксарият дар фазову муҳити муайян ба ӯ кумак мерасонанд. Хоҳ дар Русия ва хоҳ дар Амрикову Аврупо ҳамдеҳагон нисбат ба дарду ранҷу азоби ҳамватани худ бетараф намешаванд. Ин он муҳити маънавиест, ки худрӯ нест ва аз иттиҳод ба вуҷуд меояд.
ДАР ПАЙИ КОР:
Ватан дорем, ки он тинҷу ором аст. Ин худ бузургтарин неъмат аст. Зиндагӣ пеш меравад. Ҳар касе осуда аз пайи кори худ мебошад. Дунё ва давлатдорӣ ҳамин мебошад. Заҳмат бояд кашид. Касе гурусна нест ва камтар кӯшиш кифоя аст, ки зиндагӣ пеш равад.
ЯТИМПАРВАРӢ:
Эмомалӣ Раҳмон абармарди ятимпарвар аст ва зӯру тавони ҳеҷ нафаре ба ин ҳимати ӯ намерасад. Аз ҳама ҷо онҳоро ҷамъ кард ва мекунад, мехононад. Аз ҷониби нафарони хайрхоҳ дасти ятимеро гирифтан дар ҷомеа мо кам нест ва ин самараи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат аст.
АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ:
Ин ҳадафи стратегиро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳал карда тавонистааст. Буҳрони озуқаворӣ кайҳо паси сар гардидаву эътимод ба фардоҳо қавӣ мебошад.
ОБОДКОРӢ:
Имрӯз деҳаҳо обод мешаванд. Натанҳо соҳибкорон, балки ҳар як фард дар ин роҳ дар андозаи маълум ҳисса гузоштан мехоҳад. Даврони шӯравӣ ва остонаи Истиқлолият чунин набуд. Барои то ба ин зина расидан ободкориҳои муҳташами ҷумҳурӣ (иншоотҳои азим, шоҳроҳҳо, корхонаҳои бузург) нақш бозидаанд.
МАЪРИФАТ:
Олами қимат ва мураккаб аст, ки барои бунёди он марҳилаҳои зиёдро тай кардан лозим меояд. Роҳбари давлат ин нуқтаи ҳассоро дарк менамояд ва 10 соли охир тасмимҳои зиёд (озмунҳо дар самти мутолиа) роҳандозӣ гардидаанд. Натиҷаҳо аллакай ба назар мерасанд. Афроди китобхону донишманд маърифат ва ҷаҳонбинии бой доранд. Танҳо онҳо ҷомеаро сохта метавонанд.
ШИНОХТИ МИЛЛАТ:
Робитаҳои хориҷӣ дар ҳама самтҳо ташаккул ёфтаанд ва шукрона аз он ки дар бузургтарин созмону ташкилотҳои байналхалқӣ моро чун як давлати алоҳида мешиносанд. Ба гӯш расидани забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳо шарафу ифтихори миллӣ аст.
_________________
Чанд нуқтае, ки зикр гардид, дар фаҳмиши умумии ҷомеа бештар матраҳанд ва онҳо аз садҳо зиёданд, ки дар заминаи сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омадааст. Ба акнофу атроф менигарем. Дар баъзе кишварҳо пиру барно дар ихтилофу даргириҳо қурбон шуда истодаанд. Барои онҳо сулҳу оромиро таманно дорем ва мегӯем:
Поянда бод, сулҳу оромиву ободии Тоҷикистон!
Бознашр аз саҳифаи устод Бахтиёр Кутбиддин
