14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ хонум Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат хонум Тсзоу Ҷиайиро ба муносибати интихоб шуданашон ба мақоми баланд табрик намуда, ташрифи нахустини ӯро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба роҳбарияти он арзи сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ яке аз шарикони муҳими кишвари мо дар самти ташаккули инфрасохтори муосир ва пешбурди рӯзномаи рушди устувор, ҳамчунин, иқтисоди «сабз» мебошад.

