Имрӯз дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинари таълимӣ-омӯзишӣ дармавзуи «Усулҳоимуосири ташкили тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии донишҷӯён дармуассисаҳои таҳсилоти олии касбии равияи омӯзгорӣ», бахшида ба 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии Умед Хуҷазода, декани факултети педагогика ва варзиш оғоз гардид.
Сипас, Давлатзода Сарвиноз,мудири шуъбаи технологияи меҳнат тарбияи ҷисмонӣ
омодагии ибтидоии ҳарбӣ такмили стандарт, барномаҳои таълимию китобҳои дарсии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти дар мавзуи «Мушкилоти педагогии ташаккули худшиносии миллӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии донишҷӯён дар муассисаҳоитаҳсилоти олии касбии равияи омӯзгорӣ», Давлатбекзода Вайсиддин, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи
факултети педагогика ва варзиш дар мавзуи «Роҳҳоимуосири ташкили тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии донишҷӯён дармуассисаҳои таҳсилоти олии касбии равияи омӯзгорӣ» ва Ваҳобов Аббос, муовини декан оид ба таълими факултети педагогика ва варзиш дар мавзуи «Такмили методикаи тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ дар шароити ҷомеаи муосир» маърӯза намуданд.
Дар охир, як гурӯҳ донишҷӯёни фаъол, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои намоён гирифта буданд, қадрдонӣ шуданд.

