Факултети математика яке аз аввалин факултетҳои донишгоҳба шумор меравад. Факултет ҳамсоли таълимгоҳ буда, дар соли 1978 бо номи факултети физикаву математика арзи вуҷуд намудааст.
Факултет дорои 3 (се) кафедра мебошад: кафедраи методикаи таълими математика, кафедраи алгебра ва геометрия, кафедраи таҳлили математикӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ.
Дар факултет13 синфхона, аз ҷумла 1 синфхонаи технологияи иттилоотӣ, 10 утоқи корӣ мавҷуд аст, ки бо тамоми шароити муосири таълимӣ таъмин мебошанд.
Ба донишҷӯён 43 нафар омӯзгор: 3-профессор, 11- номзади илм, 29 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Дар факултет дар баробари тоҷикӣ таҳсил барои гурӯҳҳои алоҳида бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ доимо ширкат меварзанд.
Хатмкардагони факултет асосан дар мактабҳои миёна ба ҳайси омӯзгори математика ва аҳёнан дар дигар соҳаҳо фаъолият менамоянд. Факулта сафи устодонашро аз ҳисоби кадрҳои худӣ-собиқ хатмкардагонаш пурра кардааст.
Бо ташаббуси садорати факулта дар тӯли сол конференсияи илмию назариявии умумиҷумҳурӣ созмон дода шудааст. Ногуфта намонад, ки дар назди факултет аз ҳисоби кафедраҳои пешбар 3 – маҳфили илмӣ, ҷамъомади илмии донишҷуён, гурӯҳи олимпӣ фаъолият намуда истодааст, ки роҳбари онҳоро омӯзгорони соҳибтаҷрибаи кафедраҳои тахассусии факултет ба уҳда доранд.
Дар назди кафедраҳои факултет маҳфилҳои илмӣ зерин фаъолият мекунанд.
1. “Методикаи таълими математика”, дар назди кафедраи методикаи таълими математика.
2. “Алгебра санъат аст”, дар назди кафедраи агебра ва геометрия.
3. “Дифференсиал”, дар назди кафедраи таҳлили математикӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ.
Факултети математика мувофиқ ба нақшаҳои таълимӣ имсол донишҷӯёнро аз рӯи 4 ихтисос ба таҳсил ҷалб менамояд.
1. 1-020503-02-Математика (фаъолияти илмию педагогӣ).
2. 1-020503-Математика – информатика.
3. 1-020503-01-Математика – физика.
4. 1-020503-Математика. Нақшакашӣ.
Муваффақияти дигари назарраси факултетро таъмини кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба ташкил медиҳанд
