– зери ин унвон имрӯз дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси намунавии омӯзгори кафедраи физикаи умумӣ Рустами Тағаймурод дар гурӯҳи 304 ихтисоси физика-математика аз фанни физикаи нимноқилҳо баргузор гардид.
Дар дарс Муртазозода Қодир, сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ, Азимиён Нусратулло, корманди шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Омӯзгор Рустами Тағаймурод зимни гузариши дарс таъкид намуд, ки: «Таҷрибаҳо собит мекунанд, ки ҳангоми аз нимноқилхо гузаштани ҷараён дар онҳо ягон тағйироти химиявӣ ба амал намеояд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки барандагони ҷараён дар нимнокилҳо мисли металлҳо ҳамон электронҳо мебошанд. Бо вуҷуди ин таҷрибаҳои дигар собит мекунанд, ки дар байни нимноқилҳо ва металҳо тафовутҳо мавчуданд.
Дар идома ба донишҷӯён хотирасон намуд, ки “Ҳангоми таъсири равшанӣ ё гармӣ амплитудаи атомҳо зиёд шуда ба электронҳо энергия мебахшанд ва онҳо ба электронҳои озод табдил меёбанд. Ҳамин электронҳо барандаи ҷараён мебошанд. Ҳангоми ба электрони озод табдил ёфтани электронӣ нимноқил ҷойи он холӣ мемонад, ки онро “сӯрохӣ” (ҷавф) меноманд ва зарядашро мусбат қабул кардаанд. Ҳангоми пайдо шудани майдони электрикӣ сӯрохиҳо ба самти заряди мусбат ва электронҳо ба самти муқобил ҳаракат мекунанд. Ин ҳаракатро ҳаракати электронӣ – сӯрохӣ (ҷавфӣ) меноманд, ки ҷараёни электрикиро таъмин мекунанд”.
Омӯзгор дар раванди баргузории дарси намунавӣ бо истифода аз усулҳои нави таълим ва воситаҳои техникии муосир моҳияти мавзуъро ба донишҷӯён шарҳ дод, ки мувофиқ ба талаботи касби омӯзгорист.
Дар охири дарси намунавӣ, Муртазозода Қодир, сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот барои баргузории дарс изҳори минаттдорӣ намуд.

