Маъмурияти ДДБ ба номи Носири Хусрав барои иқомати донишҷӯёнаш хобгоҳи ҳафтошёна, барои 375 ҷой месозад.
Қурбонзода Маҳмадалӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз раванди корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳи донишҷӯён дидан намуд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки хобгоҳи мазкур аз ҷониби Лоиҳаи таҳсилоти касби техникӣ ва омӯзишӣ дар минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Бонки исломии рушд сохта шуда, корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.
