Имрӯз дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон доир шуд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ оғоз гардид. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар донишгоҳ тамоми шароитҳо барои омода гардидани довталабони озмун муҳайё карда шудааст. Китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ пайваста пайи хидмати донишомӯзон омода буда, китобу адабиёти зарурӣ барои мутолиа таъмин аст.
Сипас, Тағаймуродов Рустам, раиси комиссияи даврии донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Маҳмадалиева Муҳаббат, котиби даврии донишгоҳии озмун ва Раҳмонов Маҳмурод, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети филологияи тоҷик андешаронӣ намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” яке аз ташаббусҳои муҳимми дурбинона ва ояндасози ҳукумати кишварамон ба ҳисоб рафта, баҳри таҳким бахшидани дониш, завқи китобхонӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони азизамон заминаи мусоид фароҳам меорад.

