Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърихи башарият гувоҳӣ медиҳад, ки давлатҳо аксаран ба сарбозони тавоно эҳтиёҷ доштанд ва барои таъмини амнияти шаҳрвандону ҳифзи марзҳояшон ҷузъу томҳои мухталифи лашкар созмон медоданд. Тибқи сарчашмаҳои илмӣ дар замони давлатдории аҷдодони ориётабори мо, аз ҷумла Куруши Кабир дорои чунин лашкари далеру ҷасур буданд.
Дар асоси таҳқиқи бостоншиносон Искандари Македонӣ лашкари истилогари худро дар заминаи низому оини ҳарбии лашкари неруманди Куруши Кабир ва Дорои I бунёд гузоша будааст. Сулолаи Сомониён дар ибтидои ба сари қудрат омадан Артиши миллии хешро бо дастуру оинномаҳои қавии низомӣ созмон дода будаанд. Дар адабиёти оламгири мо, бахусус дар “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ вожаи “гурд” ба маънии паҳлавон, далеру шуҷоъ, ватанпарвару инсондӯст омада, аз қаҳрамонию диловарӣ, садоқату сарсупурдагии онҳо ба халқу Ватан ва лашкари он қиссаҳо зикр гардидаанд.
Бо гузашти рӯзгор ва дар идомаи ҳамин анъанаҳои ватанпарастонаи ниёгони ориёиамон, баъди ҳазорсолаҳои охир барои миллати тоҷик тантана намудани адолати таърих, яъне ба Истиқлоли давлатӣ соҳиб гардидан ва бо ташаббусу ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ташкил шуд, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, 18 декабри соли 1992 бо имзои Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ин санад заминаи ҳуқуқии таъсиси Артиши Миллиро фароҳам овард. Дар як муддати кӯтоҳ, бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат, Артиши Миллӣ пурраву комил гардида, аввалин намоиши низомии он 23 феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид ва минбаъд ҳамасола рӯзи 23 феврал расман ҳамчун Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Новобаста ба мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани неруи мудофиавии Артиши миллӣ тадбирҳои муассир андешид. Артиши миллӣ аз сифр оғоз гардида буд, ба ғайри мушкилоти моддиву техникӣ, инчунин камбудию норасоии мутахассисони низомӣ дошт. Аз ҳамин хотир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои олию миёнаи ҳарбӣ таъсис дода шуда, ҷавонони болаёқат ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии давлатҳои хориҷа сафарбар карда мешуданд.
Дар ҳамон солҳои душвори оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.
Солҳои минбаъда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла Доктринаи ҳарбӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа ва хизмати ҳарбӣ” қабул гардиданд, ки сохтори ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳро муайян ва танзим намуданд.
Хушбахтона, дар давоми 33 соли гузашта, бо роҳбарии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши Миллӣ ба яке аз нерӯҳои беҳтарини минтақа табдил ёфтааст ва баҳри ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол омода ва қавӣ мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид дошта буданд, ки: “Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд”.
Бо таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат имрӯз Артиши миллӣ ба марҳалаи сифатан нав ворид гардида, ҷузъу томҳои он бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ таъмин шуда, шароити хизмат барои афсарону сарбозон пайваста беҳтар мегардад, сатҳи омодагии ҷангӣ боло рафта, ҳамзамон тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ҳамчун омили муҳимми таҳкими пояҳои давлатдорӣ тақвият меёбад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бо дигар ниҳодҳои қудратӣ ҳамкории самарабахш дошта, барои пешгирии таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, омодаанд.
Ҳамин тавр, таҷлили Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арҷгузорӣ ба далериву фидокории хизматчиёни ҳарбӣ, балки гиромидошти сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо заҳмати пайгирона ва муҳаббати самимӣ ба Ватан артиши миллиро ба як ниҳоди пуриқтидор ва боэътимоди давлат табдил додаанд.
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” ҳамчун маркази бузурги илмию тахасусӣ зиёда аз 20 ҳазор ҷавонони беҳтарини кишварро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Қайд намудан зарур аст, ки Артиши миллӣ на танҳо неруи ҳифзи марзу буми кишвар, балки мактаби бузурги ҷасорат, матонат, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан маҳсуб ёфта, хизмат дар сафи он мояи ифтихори ҳар як ҷавонмарди бонангу номус мебошад, зеро ин хизмат рисолати муқаддаси ҳифзи сулҳ, оромӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро ифода мекунад. Аз ин рӯ, ҳар сол хатмкунандагони зиёди донишгоҳ, аз ҷумлаи ҷавонони бонангу ор ихтиёран барои хизмат ба сафҳои Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар сарбаландона адо менамоянд.
Дар охир, бо эҳтирому ифтихори бузурги ватандориву ватанпарастӣ, хизматчиёни шуҷоъи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи иштирокдорони ин ҷаъомади тантанавиро ба муносибати 33-юмин солгарди таҷлили Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон саломатию руҳи шикастнопазир ва комёбиҳои нав ба навро дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан-Модар таманно менамоям. Бигзор, Артиши миллии Тоҷикистон ҳамеша пуриқтидор, поянда ва боэътимод боқӣ монда, зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами сулҳ, ваҳдат ва амнияти миллиро парафшонтар нигоҳ дорад.
33-юмин солгарди таҷлили Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
