Имрӯз бо ташаббуси факултети педагогика ва варзиш дар майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати таҷлили 33 – юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ, таҳти унвони “Ҳомиёни Ватан” доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим ҳозиринро бо фарорасии ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, изброз дошт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи хушку холӣ таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба як сипари боэътимоди Ватан инчунин, таъминкунандаи амнияти кишвар мубаддал гаштааст.
Ҳамчунин, ба омӯзгорону кормандони донишгоҳ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар чорабинии мазкур намоиши машқҳои элементӣ, намоиши ҷанги тан ба тан, арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ бо як маҳорати баланд пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.
Қисмати фарҳангии чобариниро Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддин Кабиров, Маҳмадалӣ Аюбӣ, Фотима Файзова, Ислом Қодиров ва Набиев Исмоил, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона буданд, пешниҳод намуданд.
Ҳамин тариқ, чорабинӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба фарҷом расид.

