Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади иҷрои Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон барои солҳои 2025-2027 ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирӣ аз савдои одамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ бо омӯзорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии иттилоотӣ доир шуд.
Дар ҷамъомад Бобоҷон Ҷаҳонгир, сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бухоризода Беҳрӯз, намояндаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Фаррухҷон, сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамшед Ҳайдаров, намояндаи дафтари САҲА иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон зимни суҳбат оид ба савдои одамон дар ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон андешаронӣ намуданд.
Аз омӯзгорону донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ эҳтиёткор бошанд ва зиракиро аз даст надиҳанд.

