Имрӯз дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати 23-феврал Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар ҷамъомади мазкур мудирони кафедраҳо, полковники муставфӣ, профессор Алимов Д.Х., дотсент Мирзоев Ғ.Ш., д.и.т. Наботов Ф.С., дотсент Баҳодурзода Б.Ф., муовини декан оид ба илм ва инноватсия, н.и.т. Абдуллоев Ҷ. ва дигар устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Тибқи барнома устодон дар бораи аҳамият ва моҳияти ин ҷашни таърихию сиёсӣ ва артиши миллии кишвар бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, иштирокдоронро бо фарорасии 33 солагии рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

