-оид ба ин мавзуъ имрӯз дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди Парвиз Ятимов, декани факултет бо донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси химия-биология баргузор гардид.
Дар дарс Ҳимматзода Ҳасан, корманди шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Омӯзгор Парвиз Ятимов зимни баргузории дарси кушод оид ба мавзуи баррасишаванда иброз намуд, ки: “Усули ҳаҷмии таҳлил чунин усули миқдорӣ мебошад, ки ба ченкунии ҳаҷми маҳлулҳои бо ҳам таъсиркунандаи мавод ва моддаи муайяншаванда асос ёфтааст. Моҳияти ин усул аз он иборат аст, ки ба маҳлули моддаи муайяншавандаи А маҳлули консентратсияаш маълуми маводи В дар миқдори эквивалентии онҳо ҳамроҳ карда мешавад. Бо ёрии усули таҳлили ҳаҷмӣ миқдори моддаро ба зудӣ муайян кардан мумкин аст”.
Дар идомаи дарс афзуд, ки “Дар таҳлили ҳаҷмӣ бо мафҳумҳои «моддаи муайян-шаванда», «мавод», «титр», «титронӣ», «стандартикунонӣ», «нуқтаи эквивалентӣ», «нуқтаи охирини титронӣ» бештар сару кор хоҳем кард. Бинобар ин, дар зер моҳия-ти ҳар кадоми онро шарҳ медиҳем. Элементи химиявӣ, моддаи сода ва мураккабе, ки дар таркиби намунаи таҳлилшаванда муайян карда мешавад, моддаи муайяншаванда ном дорад. Онро аксаран бо ҳарфи А ишора мекунанд. Маф-ҳуми моддаи муайяншаванда, ҳамчунин атомҳо, ионҳо, радикалҳои озод ва пайваста, гурўҳҳои функсионалиро низ дар бар мегирад. Моддаи сахт, моеъ ва ё газгуне, ки бо моддаи муайяншавандаи А ба реаксияи химиявӣ дохил мешавад, мавод ном дорад”.
Гуфта шуд, ки титронӣ раванди ба маҳлули муайяншавандаи А мунтазам илова кардани маҳлули консентратсияаш маълуми маводи В мебошад. Дар рафти он миқдори мавод ба миқдори дар маҳ-лул будаи моддаи муайяншаванда баробар гардида, онҳо бо миқдори эквивалентӣ ба ҳам таъсир мекунанд. Мафҳуми «титронӣ» аз калимаи «титр» ба вуҷуд омадааст. Титр тарзи ифодаи консентратсияи маҳлул буда, миқдори граммҳо ва миллиграммҳои моддаи ҳалшударо дар 1 мл. маҳлул нишон медиҳад.
Омӯзгор дар раванди баргузории дарси намунавӣ бо истифода аз усулҳои нави таълим ва воситаҳои техникии муосир моҳияти мавзуъро ба донишҷӯён шарҳ дод, ки мувофиқ ба талаботи касби омӯзгорист.

