Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Тарҷумон»-и назди кафедраи рӯзноманигорӣ баргузор гардид.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии Сангимурод Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ оғоз гардид.
Сипас, Шарипова Меҳрангез, роҳбари маҳфил зимни баромад таъкид намуд, ки Артиши миллӣ дар тӯли 33 соли фаъолият аз имтиҳонҳои душвори таърихӣ гузашта, ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлату миллат муаррифӣ шудааст.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯён бо маърузаҳо дар мавзуи «Таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, марҳилаҳои ташаккул ва рушди Артиши миллиро шарҳ доданд. Ҳамчунин, порчаҳои шеърӣ дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва ҷоннисории сарбозон қироат гардид.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ ҳусни маҳфилро рангоранг намуд. Аъзоёни маҳфил порчаҳои шеъриро бо рӯҳияи ватандӯстӣ қироат карданд.
Сипас, саҳначаи тарбиявии «Аскарбача» ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти ҷавонон ва меҳри модар нисбати фарзанди сарбозаш дарак медод.
Ҳамчунин, магистранти курси дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ Маҳмадалӣ Маҳмадалиев, ки ихтиёран хизмати ҳарбиро адо намудааст, аз хотироти худ қисса карда, аз ҷониби донишҷуён саволҳо пешниҳод гардида, ҷавононро ба адои қарзи шаҳрвандӣ ва дӯст доштани Ватан даъват намуд.
Чорабинӣ бори дигар нишон дод, ки ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба Артиши миллӣ дар миёни ҷавонон ҷойгоҳи хоса дорад.

