Имрӯз дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бахшида ба 33 солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Артиши миллӣ –кафили амният ва субот» мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Сараввал С. Раҷабализода, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултет бо суханҳои ифтитоҳии худ қайд намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи ҳасоси таърихӣ ташкил карда шудааст ва барои миллати тоҷик имкон вақт дод, ки Артиши миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ рушд намуда обутоб биёбад ва имрӯз имконоту шароите, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ ташкил карда шудааст гувоҳи аз он медиҳад, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ давра ба давра имкониятҳ ва шароитҳои хуб фароҳам оварда шуда истодааст.
Тибқи барномаи мизи мудаввар Д. Ҷаборов, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзуи «Нақши Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ» суханрони намуда нақши Артиши миллиро дар таҳкими давлатдорӣ бисёр баланд арзёби намуд ва таҳкит ба амал овард, ки Артиши миллӣ ин яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба шумор меравад.
Баъдан Д. Қурбонов, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар мавзуи «Рӯзи Артиши миллӣ-рамзи шуҷоат ва ватандӯстӣ» баромад намуда доир ба таърихи ташкилёбии Артиши миллӣ ва марҳилаҳои ташаккулёбии он фикрҳои худро байён намуд. Мавсуф таъкид ба амал овард, ки ҳар як ҷавони бо нангу номуси тоҷикиро месазад ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста адои хизмати ватану модарро ба ҷо биоварад, зеро адои хизмати Ватану модар қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.
Дар қисмати ҷамъбастии мизи мудаввар иштирокчиён низ баромадҳои озод намуда андешаҳои худро байён намуданд.

