Таърихи инсоният борҳо собит намудааст, ки артиши нерӯманду устувор, заминагузори комёбии халқу миллатҳои муваффақ ва давлатҳои бузург гардидааст. Пасманзари ҳаводиси таърихӣ нишон дод, ки замоне артиш нерӯманду ҷасоратпеша мешавад, ки барои фарзандони он марзу буми Ватан ва арзишҳои инсонӣ муқаддасу гиромӣ бошанд.
Тоҷикон дар дарозои таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд ва ватандору давлатофар ба ҳисоб рафта, ҳамеша барояшон ҳифзи номус, марзу буми аҷдодӣ, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ муқаддас арзёбӣ мегардид. Ҳамин буд, ки бо вуҷуди ҳамлаҳои зиёди истилогарони аҷнабӣ фарзандони огоҳи ин миллат аз чунин муқаддасот ҳамчун гавҳараки чашм ҳимоят намуданд.
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ барои халқи тоҷик воқеаҳои тақдирсози таърихӣ ба вуқуъ омад. 9 сентябри соли соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Ин мустақилияти комил ва соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳанги буда барои давлати тоҷикон имкониятҳои навро ба вуҷуд овард. Дар ҳаёти Тоҷикистон дар ин давраи нави таърихӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти давлатдорӣ дигаргуниҳои сохторӣ, ислоҳоти низомӣ оғоз гардид. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз нав ташаккул ёфта дараҷаи касбии кормандони сохторҳои қудратӣ ва низоми ҳуқуқии мамлакат сол аз сол баландтар гардид. Яке аз марҳилаҳои асосии рушди Артиши миллии тоҷикон ин даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Фазои ғуборолуде, ки кишвари моро пас аз истиқлол фаро гирифт, аз ҳар ҷониб барои маҳви давлати навини тоҷикон таҳдид менамуд. Қувваҳои аҳриманӣ тавассути нерӯҳои дохилию хориҷӣ бо роҳҳои гуногун ҷиҳати шикаст додани таҳкими давлатдории тоҷикон монеаҳои сунъӣ эҷод карда, дар талоши он буданд, ки чархи айёмро ба коми хеш гардон намоянд. Дар чунин айёми ҳассосу мушкил роҳбарияти навини Тоҷикистон дарк намуд, ки устувории пояи давлат маҳз марбут ба низоми муттаҳидии Артиши миллист. Аслан ислоҳоти ҳарбӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, пас аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори роҳбарияти нави ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Далели ин гуфтаҳо қабули аввалин қарор аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 18 декабри соли 1992 ба ҳисоб меравад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи “Фронти халқӣ” ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Роҳбарияти кишвар генерал- майор Александр Шишлянниковро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон даъват намуда, аввалин вазири мудофиаи мамлакат таъйин намуданд. Дар ин замина, аввалин паради ҳарбии мамлакат дар шароити номусоид ва тоқатфарсо рӯзи 23- уми феврали соли 1993 баргузор гардид. Аз ин рӯ, рӯзи 23-уми феврал рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Ҳамин тавр, таъсис ва ташаккули Артиши миллии Тоҷикистон дар як давраи хело буҳронӣ ба вуҷуд омад. Барои таъсиси босамари Артиши миллӣ ягон заминаи моддию техникӣ вуҷуд надошт. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муҷовимат, роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба адӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Аммо, то ба як нерӯи пуриқтидор табдил ѐфтани Артиши миллии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд марҳилаи такомул ва рушдро паси сар намуд. Аз рӯи таҳлили коршиносони соҳа давраи таъсис ва ташаккули Артиши миллии Тоҷикстонро метавон ба се давра ҷудо намуд.
Марҳилаи аввал, солҳои 1993-1994-ро дар бар мегирад. Дар марҳилаи зикршуда, мақсад ин ташкили артиш ва ташаккули нерӯи ҳарбии он буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият қодир бошанд, озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин намояд. Вобаста ба таъйиноти мазкур, сохторҳои муташаккилу зудамал ташкил карда шуданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат бо қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ буд. Соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа қариб тамоми ҳудуди ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд.
Солҳои 1994-1996 марҳилаи дуюми ташаккули сифатан нави артиш оғоз ёфт. Ба тайёр намудани афсарони касбӣ дар Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи ҳарбӣ) ва муассисаҳои таълимии Русия ибтидо гузошта шуд, низомномаву оинномаҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ таҳия гардиданд. Дар ин давра, дар Артиши миллӣ Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ташкил карда шуданд. Ба таъсиси Қӯшуни таъийноти махсус аҳаммияти ҷиддӣ дода шуд. Соли 1995 дар заминаи як бригадаи таъйиноти махсус Гвардияи миллӣ ташкил карда шуд.
Давраи сеюми ташаккули артиш аслан пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ (соли 1997) оғоз ёфт. Дар ин марҳила бо ёрии бевоситаи дастгоҳи машваратчиёни Русия дар Артиши миллӣ намудҳои нави қӯшун таъсис дода, усулҳои самарабахши идоракунӣ, омодагии ҷангӣ ва амалиёти он ба роҳ монда шуданд. Айни замон Артиши миллӣ аз се намуди қӯшун: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал иборат аст.
Гузашти рӯзгор собит намуд, ки воқеан Артиши миллии Тоҷикистон имрӯз ба як нерӯи пуриқтидори ҳарбӣ ва мактаби ҷасорату мардонагӣ табдил ѐфтааст. Дар ҳақиқат, давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир намуданд.
Бояд қайд намуд, ки меъмори Артиши миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Чунки маҳз бо датгириву талошҳои зиёди Пешвои миллат имрӯз Артиши миллии кишвар дар минтақа, яке аз артишҳои мукаммали замонавӣ ба шумор меравад.
Халилзода Давлаталӣ,
доктори илмҳои таърих, профессор,
узви ИЖТ,
