Имрӯз дар Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.
Нахуст директори литсей Зарина Нориён суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст».
Дар чорабинӣ Эмомалӣ Шамсов, таҷрибаомӯзи факултети филологияи тоҷик бо истифода аз хонандагони боистеъдоди литсей барномаи фарҳангиро, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона ва саҳначаҳои ватандӯстӣ буданд, пешниҳоди ҳозирин намуданд.

