
Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор рафта, дар ҳифзи Истиқлолият, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти кишвар нақши калидӣ доранд. Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ба вуқуъ пайваста, ба таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор гузошт.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвари мо давраи имтиҳони ҷиддӣ буданд. Дар чунин шароити мураккаб зарурати таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат ба миён омад. Бо ташаббус ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддию техникии рушди Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуданд. Марҳила ба марҳила сохторҳои низомӣ такмил ёфта, сатҳи омодагии касбии хизматчиёни ҳарбӣ баланд бардошта шуд.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо неруи ҳарбӣ, балки мактаби тарбияи ватандӯстӣ, интизом ва масъулият мебошанд. Дар сафи Артиши миллӣ ҷавонони бонангу номус, далер ва содиқ ба Ватан адои хизмат менамоянд. Онҳо бо эҳсоси баланди масъулият марзу буми кишварро ҳифз намуда, амнияти ҷомеаро таъмин мекунанд. Фаъолияти босамари онҳо заминаи устувори сулҳу субот ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.
Бояд таъкид кард, ки амнияти миллӣ танҳо бо неруи силоҳ таъмин намегардад. Балки он маҷмӯи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун ҷузъи муҳими низоми амнияти миллӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ҳамоҳанг фаъолият намуда, дар пешгирии таҳдидҳои муосир саҳми назаррас мегузоранд.
Имрӯз ҷаҳони муосир бо таҳдидҳои нав – аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар хавфҳои амниятӣ рӯ ба рӯст. Дар чунин шароит таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва такмили заминаҳои моддию техникӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Давлат пайваста барои беҳтар намудани шароити хизмат, таъминоти иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва рушди инфрасохтори ҳарбӣ тадбирҳо меандешад.
Қувваҳои Мусаллаҳ – ин ифтихори миллатанд. Онҳо рамзи ваҳдат, устуворӣ ва нангу номуси миллӣ мебошанд. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд эҳсос намояд, ки ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси ӯст. Ҷавонон бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба сафи Артиши миллӣ ворид гардида, дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар саҳм гузоранд.
Хулоса, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун боэътимоди давлат ва миллат, кафили сулҳу субот ва амнияти миллӣ фаъолияти худро бо садоқат ва масъулияти баланд идома медиҳанд. Бо такя ба иродаи қавӣ, интизоми намунавӣ ва муҳаббати беандоза ба Ватан, онҳо ҳамеша омодаанд марзу буми Тоҷикистони азизро ҳифз намоянд.
Пойдории давлат, оромии ҷомеа ва рушди устувори кишвар аз қудрат, ваҳдат ва омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ вобастагии мустақим дорад. Бигзор ин сипари боэътимоди давлат ҳамеша устувору пурқувват боқӣ монад.
Зувайдуллозода Гаҷина,
мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит
