Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тариқи онлайнӣ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Ҷаласаи онлайнӣ бо иштироки Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он масъалаи “Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 19-и “Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шудааст. Низомномаи мазкур вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти факултети муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муносибатҳои мутақобилаи онро бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва шаҳрвандон муайян менамояд. факултет муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад.

