Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, масъалаҳои муҳими фаъолияти таълиму тарбия ва илмро мавриди баррасӣ қарор дод.
Нахуст, ҳолати иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултетҳои менеҷмент ва идораи сайёҳӣ, молия ва иқтисодӣ, гумрук ва таҳлили иқтисодӣ баррасӣ гардид. Аз рӯйи масъала раиси комиссия ва омӯзгори кафедраи методикаи таълими физика Сунатулло Рустамов гузориш ироа намуда, оид ба сатҳи иҷрои нақшаҳои илмӣ, татбиқи усулҳои нави таълим ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Мувофиқи нақшаи рӯзнома ба раванди амалигардонии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ки он ба татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” марбут мебошад. Дар ин самт раиси комиссия ва омӯзгори кафедраи методика ва амалияи таълими забон ва адабиёти рус Алиханова Гузел гузориш дод.
Сипас, ҳолати корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-методӣ дар Литсейи назди донишгоҳ баррасӣ гардид. Дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Дилором Юнус оид ба фаъолияти литсей, сатҳи дониши хонандагон ва нақши он дар омодасозии довталабони болаёқат маърӯза кард.
Дар анҷоми ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуда, аз рӯйи ҳамаи бандҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Аъзои Шурои олимон ба зарурати баланд бардоштани сифати таълим, густариши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкид намуда, барои татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ дастурҳои мушаххас доданд.

